Jump to content

Гулшани Бурҳонпурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гулшани Бурҳонпурӣ

Гулшани Бурҳонпурӣ (форсӣ: گلشن برهانپوری‎) Гулшани Деҳлавӣ, Шайх Саъдуллоҳ, маъруф ба Шоҳ Гулшан (1665, Бурҳонпур — 1728, Деҳлӣ) — шоир, насрнависи форсизабони Ҳиндустон, суфии Нақшбандия.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ниёгонаш нахуст дар Гуҷарот мезистанд, баъдан ба Бурҳонпур кӯчиданд. Гулшани Бурҳонпурӣ дар Бурҳонпур ба камол расид. Бисту ду соли умраш дар Аҳмадободи Гуҷарот, Аврангобод ва дигар минтақаҳои Ҳиндустон сипарӣ шуд. Дар тасаввуф ба Ваҳдати Сарҳиндӣ дасти иродат дода буд. Дар Деҳлӣ инчунин бо Мирзо Абдулқодири Бедил ҳамсуҳбат шуд ва бо тавсияи ӯ тахаллуси «Гулшан»-ро интихоб намуд. Устоди дигараш шоир ва тазкиранигор Сархуш буд. Мувофиқи маълумоти шогирдаш Биндробин Доси Хушгӯ (тазкираи «Сафинаи Хушгӯ») кулли ашъори Гулшани Бурҳонпурӣ ба 120 ҳазор байт расида буд ва аз онҳо ҳафт девон мураттаб сохт. Дар илми мусиқӣ низ моҳир буд. Ҳамзамононаш ӯро Амир Хусрави Сонӣ мегуфтанд. Муридони ӯ ашхоси маъруфи Ҳиндустон — падари Мирдарди Деҳлавӣ, Мирзо Ҷони Ҷонон Мазҳари Деҳлавӣ буданд. Гулшани Бурҳонпурӣ дар масҷиди Зинату-л-масоҷид (ободкардаи Зинатуннисобегим — духтари Аврангзеб) нишеман дошт ва дар он ҷо маҳфили мушоира баргузор мекард. Ӯ осори мансур ба насри мусаҷҷаи равону мавзун дошт. Намунаҳои ашъораш дар тазкираҳо, аз ҷумла, «Тазкираи беназир», «Тазкираи Ҳусайнӣ», «Рӯзи равшан», «Риёзу-л-орифин»-и Ҳидоят, «Ништари ишқ», «Нигористони сухан» ва ғ. сабт гардидаанд. Абёти зерин намунае аз шеъри ӯянд:

Бар дараш рафта саҷдаҳо кардем,
Миннати пойи мост бар сари мо!
           ***
Килки ман сураткаши сад маънии рангини ӯст,
Гар кунад Гулшан тахаллус булбули табъам, баҷост.
           ***
Ману абрӯкамон шӯхе, ки олам гашта нахчираш,
Чу мили сурма ҷо дар чашми дилҳо мекунад тираш.