Гулшану-л-мулук
Унсури Викидода мавҷуд нест |
«Гулшану-л-мулук» (ар. گلشنالملوک) — асари таърихии Муҳаммадяъқуби Бухороӣ, ки дар он воқеаҳои таърихӣ аз замони пайғамбар Муҳаммад (с) то солҳои аввали ҳукмронии амир Насруллоҳ (1826-60) ба қалам омадааст.
Муаллиф ба навиштани асараш солҳои 1824-28 шурӯъ намуда, тақр. дар солҳои 1830-31 онро ба охир расонидааст. Гарчи дар «Гулшану-л-мулук» дар бораи воқеаҳои асрҳои мухталиф маълумот оварда шудааст, вале ба шарҳи давраи ҳукмронии сулолаҳои Аштархониён ва Манғития бештар диққат дода шудааст. Ҳамчунин «Гулшану-л-мулук» дар бораи омӯзиши таърихи Шаҳрисабз, муносибати ҳокимони он бо амирони Бухоро ва таҳқиқи таърихи асрҳои 17-18 Осиёи Миёна (то соли 1830) манбаи муҳим мебошад. Дастхатҳои «Гулшану-л-мулук» дар китобхонаҳои Маскав, Тошканд ва Душанбе маҳфузанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулшану-л-мулук / А. Мухторов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.