Гулъизорам
«Гулъизорам» (форсӣ: گلعذارم) — оҳанг ва суруди машҳури лирикӣ дар мусиқии устодонаи тоҷикӣ, ки онро устоди ҳунари классикӣ — Ҳоҷӣ Абдулазиз соли 1886 тасниф кардааст.
Савти «Гулъизорам» аз мусиқии мардумию касбии классикӣ асос гирифтааст. Дар байни бандҳо ба унвони нақарот пай дар пай мисраи «Эй гулъизорам, вое-е, раҳме ба ҳолам» такрор мешавад, ки ба матни ғазал алоқае надошта, боиси чунин ном гирифтани он гардидааст. «Гулъизорам» дар асоси шуъбаи «Савти Ушшоқ»-и мақоми «Рост»-и «Шашмақом» эҷод гардида, дар усули тарона иҷро мешавад. Мусанниф ҳангоми эҷоди «Гулъизорам» аз «Авҷи турк» моҳирона истифода бурдааст. Даромади «Гулъизорам» аз шуъбаи «Узол» оғоз шуда, тавассути авҷи миёна бо қисме «Дунаср» ва «Авҷи турк» омехта гардида, бо фаровард ба поён мерасад. «Гулъизорам» дар ҳунари мусиқии тоҷик аз шоҳкориҳои беназир шумурда мешавад.
Ҳунарпешаи маъруфи Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов «Гулъизорам»-ро бар пояи як ғазали Шоҳпури Нишопурӣ бо тозакориҳои овозхонӣ манзури дӯстдорони савту наво гардонд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
- Таджикская музыка. Д., 2004;
- Донишномаи Шашмақом. Д., 2010.
- Гулъизорам / А. Раҷабов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.