Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Гулӯгоҳи Ҷабалутториқ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гулӯгоҳи Ҷабалутториқ
исп. Estrecho de Gibraltar
англ. the Strait of Gibraltar
Нигора
Basin country Испониё, Гибралтар ва Марокаш
Номида ба шарафи Гибралтар
Кишвар
Мавқеият Уқёнуси Атлантик ва Баҳри Миёназамин
Мепайвандад бо Баҳри Миёназамин ва Уқёнуси Атлантик
Дарозӣ
  • 59 км
Бар 14,3 км
Жарфои амудӣ 1 000 м
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гулӯгоҳи Ҷабалутториқ (исп. Estrecho de Gibraltar, англ. the Strait of Gibraltar, ар. مضيق جبل طارق‎, лот. Fretum Gaditanum) — гулӯгоҳи байнулмилалӣ байни интиҳои ҷанубии нимҷазираи Пиреней (Аврупо) ва қисми шимолу ғарбии Африқо.

Баҳри Миёназамин ва уқёнуси Атлантикро ба ҳам мепайвандад. Дарозиаш 65 км, бараш 14-44 км, умқаш дар роҳи киштигард 338 м (ҷои амиқтаринаш 1181 м). Ҷараёни қисми болоии об ба шарқ, поиниаш ба ғарб ҳаракат мекунад. Дар соҳилҳои Гибралтар массивҳои сахравии ҷардор ҷойгиранд. Гибралтар аҳаммияти бузурги стратегию иқтисодӣ дорад. Дар минтақаи Гибралтар бандарҳои Сеута, Ла-Линеа, Алхесираси Испания, Танжери Марокаш, қалъаи Британия, пойгоҳи ҳарбии баҳрии Гибралтар (Британия Кабир) ҷойгиранд. Гибралтар таҳти назорати англисҳо мебошад.