Гулӯгоҳҳои байналмилалӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Гулӯгоҳҳои байналхалқӣ)

Гулӯгоҳҳои байналмилалӣ — роҳҳои табиии баҳрие, ки уқёнусу баҳр ва қисмҳои дигари қитъаҳои хушкиро пайваст мекунанд ва дар он чун минтақаи иқтисодӣ ҳамаи давлатҳо барои киштигардӣ ҳуқуқи баробар доранд.

Гулӯгоҳҳои байналмилалӣ аҳаммияти ҷаҳонӣ дошта, дар онҳо киштиҳои ҳамаи давлатҳо метавонанд ҳам дар вазъияти осуда ва ҳам дар вазъияти ноамнӣ озодона шино кунанд. Гулӯгоҳҳои Гибралтар, Ла Манш, Па-де-Кале (Дувр), Бобулмандаб, Сингапур ва Магеллан аз ҳамин қабиланд. Гулӯгоҳҳои байналмилалӣ новобаста ба он ки бо обҳои ҳудудии давлатҳои назди соҳил фаро гирифта шудаанд ё не, барои киштиронии ҳамаи мамлакатҳо озоданд. Гулӯгоҳҳои байналмилалӣ-е, ки барои аз баҳрҳои дохилӣ ба баҳрҳои кушод баромадан гузаргоҳи ягонаанд, низомномаи махсуси ҳуқуқӣ доранд. Дар чунин гулӯгоҳҳо тартиби киштигардӣ мувофиқи шартномаҳои махсуси байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, дар баъзе мавридҳо ҳуқуқи ба баҳри дохилӣ (мас., гулӯгоҳҳои баҳри Балтика ва баҳри Сиёҳ) ворид шудани киштиҳои низомии давлатҳои дур аз соҳил маҳдуд карда мешавад.

Мувофиқи Конвенсияи СММ (1982) оид ба ҳуқуқи истифодабарии роҳҳои баҳрӣ реҷаи ҳуқуқии гулӯгоҳҳои байналмилалӣ қабул шудааст, ки тибқи он тартиби киштигардии байналмилалӣ чунин аст:

  1. Киштигардии гулӯгоҳҳое, ки дар фазои кушодаи баҳр ё минтақаи иқтисодӣ ва ҳудудии баҳрии давлати дигар воқеанд (Мессин, Тиран), бо роҳи гуфтушунид ва маслиҳати тарафайн тибқи реҷа (тартиб)-и ҳуқуқи байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.
  2. Ба гулӯгоҳҳое, ки дар як қисми кушодаи баҳр воқеанд, ҳуқуқи киштиронии тиҷоратии транзитӣ дода мешавад (Гибралтар, Малакка, Бобулмандаб).
  3. Киштиронӣ дар гулӯгоҳҳое, ки дар байни баҳри кушод воқеъ буда, минтақаҳои иқтисодии мувофиқ доранд (Мозамбик, Куриё ва Тайван), барои ҳамаи давлатҳо озод аст.
  4. Дар гулӯгоҳҳои Балтика, Магеллан ва баҳри Сиёҳ киштигардӣ аз рӯи тартиби ҳуқуқии шартномаи байналмилалӣ сурат мегирад. Мас., гулӯгоҳи Балтика баҳри Балтикаро бо баҳри Шимол мепайвандад. Гулӯгоҳи Магеллан уқёнусҳои Атлантик ва Оромро пайваст мекунад, аммо соҳилҳояш дар итоати Чили мебошанд. Гулӯгоҳҳои баҳри Сиёҳ (Босфор, Дарданелла ва баҳри Мармар) баҳри Сиёҳро бо баҳри Миёназамин мепайванданд.


Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]