Jump to content

Гул (оҳанг)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Гул» (форсӣ: گل‎) — номи оҳангу суруди куҳани тоҷикӣ (Эрони бостон)

Оҳанги ойиниву мавсимӣ аз силсилаи мусиқии баҳория, ки Борбади Марвазӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз тасниф кардааст; аз маҷмӯи 360 таронаву оҳанги Борбад. Ба таъкиди манобеи хаттӣ, «Гул» ба шохаи дуввуми дастони ҳаштгонаи Борбад — «Хусравонӣ» дохил будааст ва ҳамчун оҳанги машҳур дар осори бадеии асрҳои 11-14 (қасидаҳои баҳорияи Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, достонҳои Низомӣ, Амир Хусрав ва дигарон) тавсиф шудааст. Мусиқишиносони асри 13 «Гул»-ро чун таркиби мақом хотирнишон кардаанд. Аз ҷумла, Мирсайидалии Ҷурҷонӣ дар «Мақолиду-л-улум» онро гӯшаи тавсифии созӣ дар шуъбаи «Дилангез» (мақоми «Ушшоқ») ба қалам додааст. Дар осори адабиву мусиқии асрҳои 16-17 «Гул»-ро ба унвони гӯша, таркибҳои хурди созиву овозии мақомҳои дувоздаҳгона ном мебаранд. Хоҷа Калони Хуросонӣ дар «Рисолаи мусиқӣ»-аш онро пора ё гӯшаи хурди мусиқии мақоми «Ушшоқ» мешуморад.

  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
  • Раҷабов А. Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои IV—VII. Д., 2011;
  • فرهنگ آنندراج. کلکته٬ ١۸۸٧؛ برهان قاطع. نول کشور٬ ١۸۸۹؛
  • رضاقلی خان هدایت. مجمع الفصحا. چاپ سنگی ١۸۹٧؛
  • محمد علئ امام ششتر. شعر و موسیقی و ساز و آواز در ادبیات فارسی. تهران١۳۴۶ ه. ش.؛
  • نصرت الله حدادی٬ فرهنگنامۀ موسیقی ایران. تهران٬ ١۳٧۶ه. ش.؛
  • مهدئ ستایشگر. واژه نامۀ موسیقی ایران زمین. جلد 1. تهران، ١۳۸١ ه. ش.ر