Гунё (сурати фалакӣ)
Зоҳир
Номи расмӣ | лот. Norma[1] |
---|---|
Номи кӯтоҳ | Nor |
Номида ба шарафи | steel square[d] |
Ҳаммарз бо | Scorpius[d], Гург (бурҷ), Circinus[d], Triangulum Australe[d] ва Ara[d] |
Кошиф | Nicolas Louis de Lacaille[d] |
Таърихи кашф | 1751 |
Масоҳат |
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Гунё (лот. Norma) — бурҷи Нимкураи ҷанубии Осмон, пойинтар аз бурҷҳои Ақраб ва Гург ҷойгир аст.
Бурҷро соли 1754 Лакайл пешниҳод намуд ва минбаъд он номи гунёро гирифт. Гунё аз ҳисоби ситораҳои бурҷҳои Гург, Миҷмара ва Ақраб тартиб дода шуда, ҳангоми хаёлан пайвастани ситораҳои тобонаш шакли асбоби зовиясанҷи меъмориро мемонад. Гунё аз ду бозуи галактикаи Роҳи Каҳкашон мегузарад. Тобиши ситорагонаш то 4m қадри ситоравӣ мерасад. Масоҳаташ 165 дараҷаи квадратӣ, 42 ситорааш бо чашм дида мешавад. Гунёро баъзан Квадрати Уқлидус низ меноманд. Мавқеи ҷойгиравиаш дар осмони ситоразор: фарози мустақим (ɑ) аз 15h 03m то 16h 25m ва майл (δ) аз −60° то −42°. Вақти муносиби мушоҳида моҳҳои май-июн аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гунё / А. Раҳмонов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.