Гург (бурҷ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гург
Нигора
Номи кӯтоҳ Lup
Номида ба шарафи Гург ва Uridimmu[d]
Ҳаммарз бо Гунё (сурати фалакӣ), Scorpius[d], Circinus[d], Centaurus[d], Libra[d] ва Hydra[d]
Масоҳат
  • 334 square degree
Тасвири нақшаи мавқеият
Astronomic symbol image
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Гург, Сабъ, Фаҳд (лот. Lupus) — яке аз бурҷҳои Нимкураи ҷанубии Осмони ситоразор, ки дар байни бурҷҳои Ақраб ва Кентавр ҷойгир аст.

Ҷилои ситораи муниртаринаш ба 2,3 қадри ситораӣ баробар буда, ҳашт ситораи дурахшониашон ба қадри ситоравии 4m дорад. Г-ситораҳои дурахшонаш дар масофаҳои 500—550 соли рӯшноӣ ҷойгиранд. Масоҳаташ 334 дараҷаи квадратӣ, 70 ситорааш қадри ситоравии то 6,0m дорад. Дар ин бурҷ соли 1006 таркиши ситораи фавқуннавъи SN 1006 мушоҳида шудааст, ки аз сайёраи Зӯҳра 2-3 баробар тобонтар будааст. Шумериҳо онро «деви марг» ва юнониҳо «ҳайвон» меномиданд. Ривоят мекунанд, ки шоҳи аккадиён Ликаон барои санҷиши Худо будани Зевс яке аз наздиконашро кушта, бо гӯшти он Зевсро зиёфат медиҳад. Зевс баъд аз фаҳмидани ин ҳолат макони шоҳро сӯхта, писаронашро мекушад ва барои ибрати дигарон Ликаонро ба гург табдил дода, дар Осмон ҷой медиҳад. Мавқеи ҷойгиршавии бурҷ дар осмони ситоразор: фарози мустақим (ɑ) аз 14h 10m то 16h 00m ва тамоюл (δ) аз −55° то −29° 30’. Моҳҳои май — июн хубтар мушоҳида мешавад. Ф. Раҳмонов.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]