Гунҷоиши киштӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гунҷоиши киштӣ, зарфияти киштӣ — гунҷоиши ҳаҷми дохилии киштӣ.

Гунҷоиши киштӣ нишондиҳандаи андозаи киштӣ буда, бо тоннаҳои феҳристӣ чен карда мешавад: 1 т феҳристӣ = 100 фунти мукааб= 2,83м3. Гунҷоиши умумӣ ё маҷмӯӣ ва гунҷоиши холиси киштӣ маъмул аст. Гунҷоиши умумӣ зарфияти тамоми фазои дохилии киштӣ (ба ғайр аз систернаҳои сарборӣ ё мизонии киштӣ), гунҷоиши холис — зарфияти фазои махсуси киштӣ барои интиқоли бор ва мусофирон мебошад. Гунҷоиши киштӣ бо шаҳодатномаи андозагирӣ, ки онро созмони таснифотӣ медиҳад, тасдиқ карда мешавад. Тартиби муқаррарсозии гунҷоиши киштиро қоидаҳои байналмилалӣ ё маҳалли (дохилидавлати)-и андозагирии киштиҳо (мас., канали Панама ё канали Суес) муайян мекунанд. Ҳаҷми боҷу хироҷ ва андозҳое, ки аз киштӣ рӯёнда мешавад (мас., барои истифодаи хадамоти бандарҳо, киро кардани киштӣ, хидматрасониҳои роҳбаладӣ ё лосманӣ ва ғ.) ба гунҷоиши киштӣ вобаста аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]