Гурги Юсуф
Гурги Юсуф (форсӣ: گرگ یوسف) — гурге, ки тибқи ривоятҳои достони Юсуфи паёмбар, бародарон онро ба хӯрдани Юсуф муттаҳам карданд.
Ба ривояти достон фарзандони Яъқуб бар бародари худ ҳасад мебуранд. Аз падар хостанд, то Юсуфро ҳамроҳашон ба саҳро бибаранд. Яъқуб гуфт, тарсам ӯро бибареду танҳо гузоред, гург вайро бидарад. Бародарон бар нигаҳбонии вай итминон доданд. Аммо ба саҳро расиданду Юсуфро ба чоҳ афканданд. Сипас ба назди падар омаданду пироҳани қаблан ба хун олудакардаи Юсуфро дар канораш ниҳода гуфтанд, ки Юсуфро бар колои хеш гумоштем ва чун аз ӯ дур шудем, гург вайро бидарид. Яъқуб пироҳани Юсуфро диду гуфт, ки ман ҳаргиз гурги ҳушёртар аз ин надидам, ки писари маро аз миёни пироҳан бихӯраду пироҳан бар ӯ надарад. Бародарон гургеро назди падар оварданд. Гург, гӯё ба забон омада, бегуноҳияшро собит намуд. Ин ҳодиса дар адабиёти ғиноиву ирфонии форсӣ бозтоби фаровон дорад ва мояи тамсилу истиораву кинояҳои зиёде гаштааст. Чунончи Анварӣ гӯяд:
Ба хуни зарқ маро пираҳан биёлуданд,
Вагарна, поктар аз гурги Юсуфам зи гуноҳ!
Маншаи таъбири Гурги Юсуф ё «гурги даҳонолудаи Юсуфнадарида» туҳмати бародарони Юсуф бар гург аст ва васфи ҳоли бегуноҳонест, ки баноҳақ гунаҳкор мешаванд. Саъдӣ мегӯяд:
Ай ёри ҷафокардаи пайвандбурида,
Ин буд вафодорию аҳди ту надида?
Дар кӯи ту маъруфаму аз рӯи ту маҳрум,
Гурги даҳанолудаву Юсуфнадарида!
Дар адабиёти ирфонӣ Юсуф (дар таъбири Гурги Юсуф) рамзи рӯҳ ва гург табиату хӯи инсонист, ҳамчунон ки Мавлоно дар «Маснавӣ» мегӯяд:
Ай дарида пӯстини Юсуфон,
Гург бархезӣ аз ин хоби гарон!
Гашта гургон якбаяк хӯҳои ту
Медаронанд аз ғазаб аъзои ту!
Ва Юсуф рӯҳи муҷаррадест, ки аз Ҳақ ғизо гираду ҷамолу сурат ёбад ва чун камолу сират дорад, ба Ҳақ восил аст: Чун шудӣ зебо, бад-он Зебо расӣ, Ки раҳонад рӯҳро аз бекасӣ.
Парвариш мар боғи ҷонҳоро намаш,
Зинда карда мурдаи ғамро дамаш.
На ҳама мулки ҷаҳони дун диҳад,
Сад ҳазорон мулки гуногун диҳад!
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гурги Юсуф / А. Раҳмонфар // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Афсаҳов А. Гурги Юсуф // Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Д., 1988;