Jump to content

Юсуфи паёмбар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
«Юсуфи паёмбар»
форсӣ: یوسف پیامبر
Жанр драмаи таърихию мазҳабӣ
Дар нақшҳо Мустафо Замонӣ
Маҳмуди Покният
Катоюн Риёҳӣ
Ҷаъфари Деҳқон
Аббос Амирӣ
Илҳом Ҳамидӣ
Раҳим Наврӯзӣ
Фаришта Сарабандӣ
Оҳангсоз
Мамлакат
Забони асл форсӣ
Шумораи фаслҳо 3
Шумораи қисматҳо 45
Тавлид
Таҳиякунандаи иҷроия Расул Аҳадӣ
Таҳиякунанда
Коргардон
Филмноманавис
Маконҳо Эрон ва Yusef Cinema Town[d][2]
Замонбандӣ 40 дақиқа
Студия Садо ва симои Ҷумҳурии Исломӣ[d]
Пахш
Телеканал IRIB TV1[d]
Дар экран аз 27 декабр 2008
то 1 май 2009
Пайвандҳо
simafilmideh.ir
IMDb ID 3084150

«Юсуфи паёмбар» (форсӣ: یوسف پیامبر‎) — маҷмӯаи телевизионӣ перомуни зиндагии Юсуф ва Зулайхо ба коргардонии Фараҷуллоҳ Силаҳшӯр аст. Нахустин қисмати ин сериёли 45 қисматӣ ҷумъаи 7 тирмоҳи 1387 соати 22 пахш шуд.

Лар сериёли «Юсуфи паёмбар» Мустафо Замонӣ, Маҳмуди Покният, Катоюн Риёҳӣ, Ҷаъфари Деҳқон, Аббос Амирӣ, Ҷаҳонбахш Султонӣ, Раҳим Наврӯзӣ, Маҳваш Сабркун, Илҳом Ҳамидӣ, Парвона Маъсумӣ, Лайло Блокот ба ифои нақш пардохтаанд.

Дар ин маҷмӯа Мустафо Замонӣ ифогари нақши Юсуф аст ва нақши падараш Яъқубро Маҳмуди Покният ифо мекунад. Шахсияти Зулайхоро, ки дар ҳинни мароҳили филмбардорӣ бозигари он интихоб шуд Катоюн Риёҳӣ ва нақши Азизи Миср Путифорро ҳам Ҷаъфари Деҳқон бозӣ кардаанд.

Замоне, ки Яъқуб, мардумони Банӣ Исроилро ба маъбуди ягонаи олам фаро хонда ва аз парастиши худоёни сард ва сангӣ инзор медиҳад, Худованд, паёмбари баъдиро дар насл ӯ қарор дода ва Юсуфро ба вай ато мекунад, ки дар ҳасан ва ҷамол, беназир аст. Юсуф дар кӯдакӣ рӯъёи аҷибе мебинад. Рӯъёе, ки дар он хуршед ва моҳ ва 11 ситора барои ӯ ба саҷда меафтанд. Яъқуб, ки ин рӯъёи азимро мешунавад ба ӯ тавсия мекунад то онро аз бародарони худ пинҳон кунад. Пас аз чанде, бародарони Юсуф, ки ба алоқаи падаршон нисбат ба Юсуф рашк меварзиданд, ӯро ба Миср ва ба мардуми Миср, ва ба Зулайхо ҳамсари Ибни Ҳутби севум мефурӯшанд, аммо Худованд, ки ирода фармуда то ба воситаи Юсуф, мардумро ба роҳи наҷот ва ҳидоят даъват намояд. Ӯро аз пастии чоҳ раҳонида ва баландӣ мақом ва мартабат ато менамояд...

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]