Гургунак
Зоҳир
Гургунак — навъе аз тутҳои бедонаи маҳаллӣ; селексияи халқист.
Баргаш байзашакли нӯгтез (дарозиаш 9,5 см, бараш 6,5 см), бечок, дандонаҳояш майда, рӯяш суфтаи тӯр-тӯр, пушташ пашмакдор. Навдаҳояш кӯтоҳ, ғафс ва сурхи сафедтоб. Мевааш (дарозиаш 17-23 мм, бараш 12-13 мм) лунда ё устувонашакл, сафеди гулобитоб, сероб ва ширин. Гургунакро баъзан саҳван «Қандак» мегӯянд. Ҳосилаш нимаи аввали июл мепазад. Меваашро асосан тар мехӯранд, ширинӣ мепазанд ва хушконда тутмавиз мекунанд. Тутмавизаш бесифат аст. Дарахташ зудсабзи серҳосил. Дарахти 50-солааш 7,5 м қад мекашад. Бештар дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ ва баъзе деҳаҳои ноҳияи Кӯҳистони Масчо дучор меояд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гургунак / С. Гулов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Смольский Н. В. Культура тутового дерева в Зеравшанской долине//Дар кит.: Плодовые Среднего Таджикистана. Л., 1935.