Тут

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Тут
Morus-nigra.JPG
Меваи норасидаи шоҳтут.
Таснифоти илмӣ
Номи байналмиллалии илмӣ

Morus L., 1753

Типовой вид
Намудҳо
Ниг. ба матн
Wikispecies-logo.svg
Систематика
дар Викинамуд
Commons-logo.svg
Акс
дар Викианбор
ITIS   19064
NCBI   3497
EOL   72690

Тут (лотинӣ: Morus) — меваи истеъмолии инсон аст, ки моҳҳои май-июн-июл вобаста ба макони парвариш мепазад.

Аз меваи он тутмавиз, талқон ва ширинӣ тайёр мекунанд. Дар навоҳии кӯҳии вилояти Суғд навъҳои тути балхӣ, бедона, биринҷӣ, кулолӣ, марворид, морпечак, рахш, фалғарӣ ва ғайра, дар маҷмўъ 20 навъ, парвариш меёбад.

Дарахт ва меваи тут дар рӯзгори тоҷикон аҳамияти махсус дорад. Аз чӯби он, ки сахту вазнин мебошад, устоҳо табақу чумча, баъзе созҳои тории мусиқӣ ва ғайра месозанд. Барги тут ҳамчун ғизои асосии кирмаки абрешим дар соҳаи кирмакпарварӣ истифодаи васеъ дорад. Дар деҳаҳои Дарвоз тут яке аз меваҳои асосии мардум мањсуб буд. Дар ҳамаи рустоҳо навъҳои гуногуни тут парвариш мешаванд. Тутҳои беҳтарин ва машҳури Дарвоз: бедона, ревичӣ, бедонаи сурхак, музаффарӣ, сафедак, рахшак, шехӣ, шурак, малбед, шаҳтут, зиғарӣ, сангевнӣ ва чанде дигар мебошанд. Дар айёми тутпаз мардум зери дарахтони тутро рӯфта, ҳамвор мекунанд. Дар аввал меваҳои хомпаз ва бемазаи он меафтанд, ки онро «хастут» меноманд. Хастутро барои хӯроки гову хар медиҳанд. Вақте ки тутҳо пухтанд, дар зери дарахтон чодар паҳн мекунанд ва болои дарахт баромад, меафшонанд. Сипас дар сабадҳо тутҳоро чида, мехушконанд ва тутмавиз ё тути қоқ тайёр мекунанд. Тутҳои хушкро дар санги ҷувозак ё осиёб орд карда, талқон омода месозанд, ки он «тутпист» ном дорад. Тутпист ё орди тутро дар охурҳои махсус – хамба ё кулӣ нигаҳ медоранд. Он дар намӣ зуд сахт мешавад ва шахшудаашро бо табару теша пора мекунанд. Аз тутпист ширинӣ ва ҳалво тайёр мекунанд, ба баъзе таомҳо ҳамроҳ менамоянд ва инчунин дар ҳамон шакли кӯбидааш бо чой истеъмол мекунанд. [2]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Маълумот дар бораи ҷинси Morus дар пойгоҳи маълумотҳои Index Nominum Genericorum Ассотсиатсияи байналмилалии табақабандии растаниҳо (IAPT).(англ.)
  2. Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 18 - 19.