Jump to content

Гурдаи гови турконӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гурдаи гови турконӣ — навъе аз ангурҳои маҳаллии миёнсол, селексияи халқист.

Баргаш калони гирда (андозааш 16,8 х 16 см), панҷпарра, чоки байни парраҳояш рӯякӣ (канори парраҳо қифмонанд), сабзи сиёҳтоб, пушташ каме пашмакдор. Гулаш дуҷинса, хӯшааш (вазнаш 200—240 г) миёнаҳаҷми дукшакл, камшингил; ғужбаш зич, калони гирда (вазни 100-тоаш 520 г), зарди сабзтоб. Ғужмаш ғафсу шаффоф, мумпардааш маҳин. Гӯшташ хамираки сароб, ширин, андак нордон, таъми ангури обаки сабзро дорад. Тухмаш (2-3 дона) калони нӯгборик. Дар таркиби ангури нағз расидааш 20-22 % қанд ва 4-5 г/л ҷавҳар мавҷуд аст. Токаш миёнасабз, 24-28 дарсади навдаҳояш самаровар. Дар заминҳои лалмӣ низ хуб мерӯяд. Ҳангоми ба хавоза бардоштан ва 6-8 буғум монда буридани навдаҳояш ҳосил зиёд мешавад. Даври нашваш 135—145 рӯз; охири май гул карда, мевааш аввали сентябр мепазад. Аз ҳар га 80-100 сентнер ҳосил меғундоранд. Асосан тар мехӯранд; дар майкашӣ низ истифода мекунанд. Дар деҳаи Турконии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ва деҳаҳои гирду атрофи он парвариш меёбад. Токаш ба сармо ва камобӣ тобовар буда, бештар ба касалиҳои гардаву қарасон гирифтор мешавад.