Гурдаи гови хуфакӣ
Гурдаи гови хуфакӣ — навъе аз ангурҳои маҳаллӣ, селексияи халқист.
Баргаш калони серчок, чоки байни парраҳояш амиқ, рангаш сабзи сиёҳтоб, рӯяш бепашмак. Гулаш дуҷинса, хӯшааш калони махрутшакл (дарозиаш 22-28 см, бараш 16-18 см, вазнаш 600—620 г), сершингил, шингилҳои болоияш инкишофёфта. Ғужбаш калон (вазни 100-тоаш 580—610 г), зарди сабзтоб, ғужмаш ғафс ва чандир. Гӯшташ хамираки карсосӣ, серобу ширин, хуштаъм ва хушбӯй, 2-3 дона тухми калони қаҳваранг дорад. Дар таркиби ангури пухта расидааш 19-21 % қанд ва 3,8-4,6 г/л ҷавҳар мавҷуд аст. Токаш тезсабз, 28-30 дарсади навдаҳояш самаровар. Дар заминҳои лалмӣ низ хуб месабзад. То охири тирамоҳ 80-85 дарсади навдаҳояш мерасанд. Давраи нашваш 146—155 рӯз. Охири май гул карда, меваш нимаи сентябр мепазад. Ҳосилашро асосан тар мехӯранд, мехушконанд, дар майкашӣ истифода мебаранд. Ҳангоми хушконидан 23-44 % мавизи хушсифат ҳосил мешавад. Асосан дар деҳаи Хуфаки ноҳияи Рашт ва деҳаҳои гирду атрофи он мепарваранд. Токаш ба сармо, камобӣ тобовар буда, аз касалиҳои гарда ва қарасон зарар мебинад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гурдаи гови хуфакӣ / Ҳ. Маҳмадқулов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.