Гурдаи гови ҳисорӣ
Гурдаи гови ҳисорӣ — навъе аз ангурҳои дерпазаки маҳаллӣ, селексияи халқист.
Баргаш миёнаҳаҷм (14,6 х 14 см), панҷпарра, чоки байни парраҳояш амиқ, рӯяш тӯр-тӯр, қафояш пашмакдор, думчааш дарози сурхтоб. Гулаш якҷинсаи модина, бештар аз гарди гули Ангури сиёҳ, Тоифии сурх ва Ҷавз гардолуд мешавад. Хӯшааш махрутшакл (214—340 г), шингилҳои болоияш инкишофёфта. Ғужбаш калони лунда (вазни 100-тоаш 560—610 г), рангаш бунафши сиёҳтоб. Ғужмаш ғафси сахт, гӯшташ хамираки сероб, хуштаъм ва андак нордон, 2-4 дона тухми калон дорад. Дар таркиби ангури расидааш 21-24 % қанд ва 5,5-6 г/л ҷавҳар мавҷуд аст. Токаш миёнасабз, 25-30%-и навдаҳояш самаровар, хосса пунбакҳои қисми поёнии нартҳояш серҳосиланд (ҳангоми 5-7 буғум монда буридан ҳосили хуб медиҳад). Ниҳолашро аз рӯи тартиби 2,5х2,5 ва 3×2 м мешинонанд. Давраи нашваш 145—160 рӯз. Нимаи май гул карда, мевааш дар шароити иқлими водии Ҳисор охири сентябр мепазад. Аз ҳар га 110—130 сентнер ҳосил меғундоранд. Ҳосилашро тар мехӯранд, ба ҷойҳои дур мекашонанд, дар майкашӣ истифода мекунанд (то 2-3 моҳ нигоҳ доштан мумкин). Гурдаи гови ҳисорӣ барои рӯёндани дигар навъҳои ангур ба кор бурда мешавад. Асосан дар деҳаҳои Хонақоҳи Кӯҳӣ ва Бедаки ноҳияи Ҳисор, инчунин деҳаи Қаратоғи ноҳияи Турсунзода ва баъзе навоҳии вилояти Сурхондарё (бо номи «Гурдаи гов» ё «Дили гов») ва ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё (бо номи «Сагал қаро»)-и Узбакистон парвариш меёбад. Токаш нисбат ба дигар навъҳои дерпази Осиёи Марказӣ ба сармову камобӣ тобовар буда, аз қарасон бештар зарар мебинад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гурдаи гови ҳисорӣ / Ҳ. Маҳмадқулов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.