Гуреза

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Гуреза- шахсе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, дар қаламрави он қарор дорад ва бинобар сабабҳои комилан асоснок дар давлати мансубияти шаҳрвандии худ бо аломатҳои нажод, эътиқоди динӣ, шаҳрвандӣ, мансубият ба гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ ё эътиқоди сиёсӣ дучори таъқиб гашта, аз таъсири ин сабабҳо наметавонад ё намехоҳад аз ҳимояи он давлат истифода намояд ё шахсе, ки шаҳрвандии муайян надошта, бинобар чунин ҳолатҳо дар ҶТ қарор дорад ва бо сабаби мавҷуд будани ҳамин гуна хавф наметавонад ё намехоҳад ба давлати иқомати доимии худ баргардад. Вазъи ҳуқуқии гурезаҳо дар ҶТ мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи гурезаҳо» аз 10 маи соли 2002, Конвенсия оид ба вазъи гурезаҳо аз 28 июли соли 1951 ва Протоколи марбут ба вазъи гурезаҳо аз 31 декабри соли 1967 муайян ва танзим карда мешавад.[1]

Нигаред[вироиш]

Ҳуқуқэҷодкунӣ

Манбаъ[вироиш]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 130-131