Гурезгоҳ
Гурезгоҳ — иншооти махсуси сохта ё муҷаҳҳаз, ки ҳайати шахсии лашкар ё аҳолиро аз зарбаҳои гулӯлаҳои артиллерӣ, бомбаҳо, мавҷи инфиҷорӣ, аз ҳамлаи ҳастаӣ, моддаҳои радиоактивӣ ва заҳролудкунанда ҳифз мекунад.
Мувофиқи дараҷаи муҳофизатиашон гурезгоҳҳо сабук, тақвиятдодашуда, вазнин, ҳаҷман хурд, миёна ва калон мешаванд. гурезгоҳҳо бори аввал дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—1918) истифода шудаанд. Таҷрибаи ҳосилшударо ба назар гирифта, солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—1945) аз гурезгоҳҳо хеле васеъ истифода бурданд. Тамоми таҳхонаҳои манзилҳои иқоматӣ ва биноҳои ҷамъиятии шаҳрҳои бузурги мамлакатҳои Аврупо ба гурезгоҳ табдил дода шуданд. Инчунин дар мавқеъҳои мудофиавӣ ҳангоми бунёди мавзеъҳо ва хатҳои истеҳкомӣ гурезгоҳҳои махсус сохта мешуданд. Дар давраи Ҷанги ҷаҳонии дувум навъҳои гуногуни гурезгоҳҳо дар майдони ҷанг барои аз зарбаи гулӯлаҳои артиллерӣ, бомбаҳо ҳифз намудани ҳайати шахсӣ, ситодҳо, нуқтаҳои тиббӣ ва дар шаҳрҳову маҳаллаҳои аҳолинишин барои ҳифзи аҳолӣ истифода мегардиданд. Нигар низ Паноҳгоҳ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гурезгоҳ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.