Jump to content

Гурӯҳи ташаббускор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гурӯҳи ташаббускор — гурӯҳи иштирокдорони раъйпурсӣ, ки бо тартиб ва муҳлати муайянкардаи қонунгузорӣ бо мақсади амалӣ намудани ташаббуси баргузории раъйпурсӣ ташкил карда мешавад.

Асосан ин навъи фаъолият дар таҷрибаи мамлакатҳои хориҷӣ ҳангоми ташкил ва баргузории раъйпурсӣ ва ё ветои халқӣ (ташаббуси халқӣ) ба назар мерасад. Вазифаи асосии гурӯҳи ташаббускор: барои баргузории раъйпурсӣ ҷамъ оварда, ба комиссияи раъйпурсӣ пешниҳод намудани имзоҳои шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи иштирок кардан дар раъйпурсӣ доранд. Мас., қонунгузории Федератсияи Русия барои доир намудани раъйпурсӣ бо ташаббуси халқ ҷамъоварӣ ва пешниҳоди 1 млн имзоҳои шаҳрвандони дорои ҳуқуқи иштирок дар раъйпурсиро муқаррар менамояд. Инчунин фаъолияти гурӯҳи ташаббускор дар маъракаҳои интихоботӣ ба назар мерасад. Масалан, ҳангоми баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби сиёсӣ ё субъекте, ки номзадеро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кардааст, барои ҷамъ овардани панҷ дарсади имзоҳои шаҳрвандони дорои ҳуқуки ширкат дар интихобот гурӯҳи ташаббускор ташкил медиҳад. Гурӯҳи ташаббускор имзоҳои интихобкунандагонро ҷамъоварӣ карда, ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.