Гурӯҳи қавмӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Қавмият (форсӣ: قومیت‎ аз англ. ethnicity), гурӯҳи қавмӣ (форсӣ: گروه قومی‎ аз англ. ethnic group) — як қисми қавм, халқият ва миллат, ки бо сабаби чандин омилҳо аз он ҷудо шуда, баъзе хусусиятҳои муҳимми забон ва фарҳанги худро нигоҳ доштааст; маҷмуи устувори одамони таърихан дар марзи ҷудогона иқоматкунанда, ки умумияти ба ҳам наздики забонӣ ва фарҳангӣ доранд. Мас., эрониҳои қадим, славянҳои қадим, олмониҳои қадим.

Дар Тоҷикистон гурӯҳи қавмӣ арабҳо, балуҷҳо, эрониҳо, қарлуқҳо, қипчоқҳо, туркҳо, туркманҳо, русҳо ва ғайра мебошанд. гурӯҳи қавмӣ бо роҳи табиии таърихӣ барпо мешавад ва инкишоф меёбад, бевосита ба иродаи одамони алоҳидаи шомили он вобаста набуда, қобилияти ҳастии дурударози садсолаҳо худ аз худ афзоишёбӣ дорад, ки дар дарки ягонагии худ ва фарқият аз дигар умумиятҳо, дар мавҷудияти худномгузорӣ ё номи умумӣ барои гурӯҳи худ ифода меёбад. гурӯҳи қавмӣ-ро чунин умумияти одамон ташкил мекунад: а) мардуме, ки дар вақташ ватани аслии таърихиашонро тарк карда, муқими кишварҳову минтақаҳои дигар гаштаанд; б) мардуме, ки дар натиҷаи муҳоҷират, рондашавӣ аз ҳудуди кишвар, тағйир ёфтани марзҳои кишвар аз қавму халқият ва миллати худ ҷудо шуда, дар дигар кишварҳо зиндагӣ мекунанд. Одатан, гурӯҳи қавмӣ дар давлатҳои дигар ақаллияти миллиро ташкил медиҳад. Он тадриҷан аз насл ба насл он бо миллатҳое, ки ҳамроҳашон зиндагӣ мекунанд, омезиш меёбад. Хусусиятҳои этникии гурӯҳи қавмӣ аз байн меравад.

Намояндагии этникӣ усули ташкили ҳокимияти намояндагӣ аст, ки мувофиқи он вакилони муассисаи намояндагӣ на ҳамаи аҳолии мамлакат ё ягон минтақаи он, балки гурӯҳи муайяни этникиро намояндагӣ мекунанд. Дар давраи ҳозира ин усул хеле кам амал мекунад, зеро хилофи усули намояндагии баробар ва баробарҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Ҳодисаи нодир давлати ҷазиравии Фиҷи аст, ки дар он мувофиқи Конститутсияи соли 1991 намояндагии этникӣ асоси ташкили ҳамаи низоми мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ муқаррар шудааст. Дар як қатор давлатҳои демократӣ намояндагии этникӣ хислати ёрирасон дорад ва ҳамчун тарзи конститутсионии ҳимояи манфиати халқиятҳои камшумори тагҷоӣ, қисми ками вакилон аз ҳавзаҳои миллӣ интихоб мешаванд (дар Ҳиндустон, Словения ва баъзе давлатҳои дигар).

Баъзан ба ҷои гурӯҳи қавмӣ «умумияти этникӣ» истифода шуда, манзур аз он миллат, халқият, авлод – иттиҳоди одамон дар асоси умумияти забон, маънавӣ-фарҳангӣ, иҷтимоӣ-рӯҳӣ, инчунин дар бисёр мавридҳо умумияти маишӣ (тарзи зиндагонӣ) ва ҳудудӣ аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Большой юридический словарь. М. , 1999;
  • Конституционное право. Энциклопедический словарь. М. , 2001.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]