Густав Ҳенрих Видеман
олмонӣ: Gustav Heinrich Wiedemann | |
Таърихи таваллуд | 2 октябр 1826[1][2][3] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 23 март 1899[4][5][6][…] (72 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | физик[7], кимиё[7] ва polarization[d][7] |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Heinrich Gustav Magnus[d][8] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Густав Ҳенрих Видеман (олмонӣ: Gustav Heinrich Wiedemann; 2 октябр 1826[1][2][3], Берлин[2] — 23 март 1899[4][5][6][…], Лейпзиг[d], Подшоҳии Саксония[d][2]) — физикдони олмонӣ, узви вобастаи АИ Берлин (1879) ва Петербург (1883), асосгузори Ҷамъияти физикҳои Берлин.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Донишгоҳи Берлин (1847). Профессори Донишгоҳи Базел (аз 1854), политехникумҳои Брауншвейг (аз 1863) ва Карлсруэ (аз 1866), Донишгоҳи Лейпсиг (аз 1871). Корҳои илмии асосиаш ба омӯзиши соҳаҳои электрик, магнетизм, гармӣ, оптика бахшида шудаанд. Соли 1853 ҳамроҳи физикдони олмонӣ Р. Франс муқаррар кард, ки таносуби байни гармигузаронӣ ва ноқилияти электрикӣ дар ҳамаи намудҳои филиззот доимӣ аст (нигар Қонуни Видеман-Франс). Соли 1858 ҳодиса (эффект)-и тобхӯрии милаи ферромагнитиро, ки аз он ҷараёни электрикӣ мегузарад, кашф намуд. Густав Ҳенрих Видеман ҳодисаҳои флуорессенсия, фотопадида (фотоэффект), нурҳои катодиро низ таҳқиқ кардааст. Аз соли 1877 сармуҳаррири маҷ. «Таърихи физика ва кимиё» буд. Муаллифи маълумотномаи бунёдии нахустин доир ба ҳодисаҳои электрикист.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 https://www.accademiadellescienze.it/accademia/soci/gustav-heinrich-wiedemann (итол.)
- ↑ 3.0 3.1 Brozović D., Ladan T. Hrvatska enciklopedija (хорв.) — LZMK, 1999. — 9272 с.
- ↑ 4.0 4.1 https://www.uni-leipzig.de/unigeschichte/professorenkatalog/leipzig/Wiedemann_1040.pdf
- ↑ 5.0 5.1 http://www.encyclopedia.com/doc/1G2-2830904640.html
- ↑ 6.0 6.1 http://www.forgottenbooks.com/readbook_text/Memoirs_and_Proceedings_of_the_Manchester_Literary_Philosophical_v43_1000702000/415
- ↑ 7.0 7.1 7.2 Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Видеман Густав Генрих // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.