Jump to content

Ҳалқа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Гӯшвор)

Ҳалқа – ороиши серистеъмоли занон ва духтарони ин диёр ба шумор меравад. Аммо то охирҳои асри ХIХ ба гӯши яккаписарон, яъне аз оилаҳое, ки фақат як фарзанди писар доштанд, якто ҳалқаи нуқрагин меандохтанд. То замони оиладоршавиаш писар онро овехта мегашт ва ақидае буд, ки гӯё ин ҳамчун тилисме буд ӯро аз бадиҳо нигоҳ медошт. Гӯшворҳое, ки то охирҳои асри ХIХ дар Ҳисор истифода шудаанд, инҳоянд: гӯшвори Муҳаммадӣ, ки он аз Бухоро оварда мешуд; гӯшвори сеғузагаи аз нуқра, ё тило сохташуда, ки почакҳои он бо марҷон оро дода мешуданд; гӯшвори зирак, ки аз фулузи нуқра сохта мешуд; гӯшвори саригӯшии аз нуқра сохташуда, ки ба гӯшвори одӣ хеле монанд буда, бо он фарқ мекард, ки бо занҷираи зебо ва сангҳои гуногун ороиш меёфт. Инчунин бисёр гӯшворҳо ба монанди якадур, гӯшворҳои қафасин, қубадор, сепочина, панҷпочина ва балдоқ аз тило сохта мешудаанд.[1]

  • Умарова З. История исследований ювелирного искусства таджиков // Очерки истории и теории культуры таджикского народа. – Душанбе: 2006. – С. 277-302.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 35 - 40.