Ҳалқа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Ҳалқа – ороиши серистеъмоли занон ва духтарони ин диёр ба шумор меравад. Аммо то охирҳои асри ХIХ ба гӯши яккаписарон, яъне аз оилаҳое, ки фақат як фарзанди писар доштанд, якто ҳалқаи нуқрагин меандохтанд. То замони оиладоршавиаш писар онро овехта мегашт ва ақидае буд, ки гӯё ин ҳамчун тилисме буд ӯро аз бадиҳо нигоҳ медошт. Гӯшворҳое, ки то охирҳои асри ХIХ дар Ҳисор истифода шудаанд, инҳоянд: гӯшвори Муҳаммадӣ, ки он аз Бухоро оварда мешуд; гӯшвори сеғузагаи аз нуқра, ё тилло сохташуда, ки почакҳои он бо марҷон оро дода мешуданд; гӯшвори зирак, ки аз фулузи нуқра сохта мешуд; гӯшвори саригӯшии аз нуқра сохташуда, ки ба гӯшвори оддӣ хеле монанд буда, бо он фарқ мекард, ки бо занҷираи зебо ва сангҳои гуногун ороиш меёфт. Инчунин бисёр гӯшворҳо ба монанди якадур, гӯшворҳои қафасин, қубадор, сепочина, панҷпочина ва балдоқ аз тилло сохта мешудаанд.[1]

Адабиёт[вироиш]

  • Умарова З. История исследований ювелирного искусства таджиков // Очерки истории и теории культуры таджикского народа. – Душанбе: 2006. – С. 277-302.

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  1. Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 35 - 40.