Jump to content

Гӯшмолак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Гӯшкашак)

Гӯшмолак, гӯшкашак, гӯшталобак

Як навъ бозии халқии бачагонаи тоҷик, ки онро бештар дар ҷашнҳои арӯсиву хатнасур ва Наврӯз барпо мекунанд. Шахси калонсоле дар латтапорае як-ду танга ё тугма ва ё ягон ашёи хурдро мебандад ва онро ба дурӣ ҳаво дода, худаш пинҳон мешавад. Ҳар бозигаре, ки бастаи тангаро ёфта, ба ӯ оварда супорад, соҳиби туҳфаи пулӣ ё молӣ мешавад. Вақте ки як нафар латтаро ёфта, ба сӯйи шахси калонсол давад, дигарҳо ба ӯ монеъ шуда, намегузоранд, ки комёб шавад. Дар саросари кишвар фаъол аст.[1]

1. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.1. Д., 2015.

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 179