Давлаталӣ Саид
Намуди зоҳирӣ
Давлаталӣ Саид | |
|---|---|
| Саид Давлаталӣ | |
| Таърихи таваллуд: | 30 март 1970 (55 сол) |
| Зодгоҳ: | ноҳияи Данғара, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
| Шаҳрвандӣ: |
|
| Таҳсилот: | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1993), Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия (2008) |
| Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
| Навъи фаъолият: | Вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII |
Давлаталӣ Саид (30 марти 1970, ноҳияи Данғара) — арбоби давлатӣ. вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI ва VII. Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати ҳафтум, солҳои 2025-2030.[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Давлаталӣ Саид 30 марти соли 1970 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Соли 1993 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, соли 2008 Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро хатм кардааст. Ихтисос:иқтисодчӣ, иқтисодиёти миллӣ.
- Солҳои 1993-1994 - Мутахассиси дараҷаи II идораи экспертизаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Солҳои 1994-1995 - Мутахассиси дараҷаи I мутахассиси пешбари идораи экспертизаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Солҳои 1995-1997 - Муовини сардори идораи экспертизаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Солҳои 1997-2003 - Сардори идораи экспертизаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Солҳои 2003-2005 - Сардори идораи саҳомигардонӣ, қоғазҳои қиматнок ва фоидаҳои инвеститсионии Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Солҳои 2005-2006 - Раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Солҳои 2006-2007 - Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Солҳои 2007-2009 - Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Япония.
- Солҳои 2009-2013 - Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.[2].
- Аз 19 ноябри соли 2013 - муовини якуми сарвазири Тоҷикистон таъйин гардида, то 5 январи соли 2023 дар ин вазифа кор кард.[3]
- Аз 5 январи 2023 — иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Хатлон.
- Аз 27 феврали соли 2023 – Раиси вилояти Хатлон.
- Аз 21 июни соли 2023 - Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, солҳои 2020-2025 (дар ҷараёни даъват интихоб шуда буд)
- Солҳои 2023-2025 - Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология.
- Аз 28 марти соли 2025 - аз ҳавзаи интихоботии Вилояти Хатлон № 3 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII интихоб шудааст.
- Аз 11 апрели соли 2025 - Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия.[4].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ордени Шараф
дараҷаи II - медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Муовини якуми Раис - Раҷаб Аҳмадзода(тоҷ.). www.majmilli.tj. 13 июли 2025 санҷида шуд.
- ↑ Давлаталӣ Саид(тоҷ.). www.majmilli.tj. 13 июли 2025 санҷида шуд.
- ↑ Давлаталӣ Саид муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад(тоҷ.). www.president.tj. 20 май 2024 санҷида шуд.
- ↑ Давлаталӣ Саид(тоҷ.). www.majmilli.tj. 13 июли 2025 санҷида шуд.
Гурӯҳҳо:
- Зодагони 30 март
- Зодагони соли 1970
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Данғара
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи сиёсатмадорон
- Дорандагони ордени Шараф
- Ходимони давлатӣ аз рӯи алифбо
- Вазирони Тоҷикистон
- Сиёсатмадорони Тоҷикистон
- Сиёсатмадорони асри XXI
- Вакилони Маҷлиси милли Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI
- Вакилони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII