Давлаталӣ Саидов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Давлаталӣ Саидов
Давлаталӣ Шомаҳмадович Саидов
Санаи таваллуд:

1970

Зодгоҳ:

ноҳияи Данғара, ҶШС Тоҷикистон, СССР

Навъи фаъолият:

Муовини якуми сарвазири Тоҷикистон

Давлаталӣ Шомаҳмадович Саидов - Муовини якуми сарвазири Тоҷикистон

30 марти соли 1970 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Миллат:тоҷик

Соли 1993 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, соли 2008 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм кардааст. Ихтисос: иқтисодчӣ, иқтисодиёти миллӣ

Солҳои 1993-2005 кор дар вазифаҳои гуногун дар Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2005-2007 Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2007-2009 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония

Аз 19 октябри соли 2009 Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.

Бо фармони президенти Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013 муовини якуми сарвазири Тоҷикистон таъин гардид.

Бо ордени Шараф дараҷаи II ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Забонҳои хориҷи - русӣ, англисиро озод медонад.

Пайвандҳо[вироиш]