Давлати Астекҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Давлати Астекҳо - давлати асримиёнагии қитъаи Амрикои Шимолӣ, Америкаи Марказӣ.

Ҳудуди империяи Астекҳо

Таърих[вироиш]

Давлати Астекҳо аз замони қадим боз вуҷуд дошт. Номи давлат аз қабилаи /халқи Астекҳо сокинони муқимии ин кишвар бармеояд. Двалат дар асрҳои миёна боз ҳам васеътар шуда, қаламрави иёлотн имрӯзаи Идалто, Велакрус, Мехико, Гереро, Морелос, Пузбло, Оахака, Табаско ва Чяпасро дар бар мегирифт. Дар ғарб қаламравн астекҳо то иёлати Мичигани ИМА, дар чанубу шарқӣ то заминҳои майягиҳои Юкатан ва Гватемала паҳн гардида буд ва ба империяи калонтарин мубаддал гашт. Сарфи назар аз бузургиаш империяи Астекҳо ҳокимияти пурзӯри марказонидашуда надошт. Аз ин рӯ, баъзе шаҳр-давлатҳои он мустақилияти худро нигоҳ доштанд.

Испаниҳои (Испониё) истилогар шаҳрҳои астекҳоро ободу зебо дарёфтанд. Шаҳри Теночтитлан (пойтахти империяи Астекҳо), ки аз тарафи испаниҳо забт карда шуд, дорои қариб 500 ҳазор нафар аҳолӣ буд. Дар ин шаҳр биноҳои мӯҳташами сершумори ибодатхонаҳо, мактабҳо ва идораҳои давлатӣ мавҷуд буданд. Девори дарозиаш зиёда аз 400 метр маркази шаҳрро, ки ҷои муқаддас ҳисобида мешуд, иҳота мекард. Солҳои 1519–1921 испаниягиҳо давлати Астекҳоро забт намуданд. Соли 1519 испаниягиҳо ба сардории Эрнан Кортес ба забткорӣ шурӯъ намуданд. Пойтахти давлат Теночтитланро тасарруф намуда, конкистадорҳои испаниягӣ императори Астекҳо Монтесумаи II-ро гаравгон гирифтанд.Кортес Монтесумаро барои ба даст даровардани тилову ҷавоҳироти Астекҳо (ба номи маъмули "Хазинаи тиллои Монтесума") азобу шиканҷа мекард. Вале соли 1520 зидди истилогарон ошуб бархест ва испаниягиҳо аз кишвар ронда шуданд, вале Монтесума II кушта шуд. Соли 1521 Кортес аз нав Теночтитланро забт намуд. Империяи Астекҳо ҳамин тавр аз байн рафт ва мустамликаи (Испониё) гардид.

То ба водӣ омадани Астекҳо сохти зиндагии қавмӣ-қабилавӣ доштанд, аз ибтидои асри 15 давлати синфие таъсис доданд, ки дар он ғуломдорӣ, тиҷорат ва косибии рушдёфта вуҷуд дошт. Баъди ишғоли испаниҳо дар ҷои харобаҳои Теночтитлаа шаҳри нави Мехико бунёд карда шуд, ки он пойтахти Мексика шоҳигарии Испониё гардид. Дар шаҳри Мехико маҳаллаҳои косибони гуногун мавҷуд буданд. Аз болои тамоми халқи шаҳр Тлақатлекуатл, яъне шоҳ ҳукмфармоӣ мекард. Аҳли дарбори ӯ аз амалдорони давлатӣ, лашкаркашон ва роҳбарони динӣ иборат буд. Онҳо дорои имтиёзҳои махсус буданд. Масалан, ба хазина андоз намепардохтанд. [1]

Пайвандҳои беруна[вироиш]

  1. Империяи ҳиндиён, с. 236

Инчунин нигаред[вироиш]