Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Давлат Сафар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Давлат Сафар
Номи пурра Сафарзода Давлат Шариф
Таърихи таваллуд 8 марти 1971(1971-03-08) (55 сол)
Зодгоҳ Фархор
Шаҳрвандӣ (табаият)
Таҳсилот
Навъи фаъолият
Ҷоизаҳо

Давлат Сафар (Сафарзода Давлат Шариф; зод. 8 марти 1971, ноҳияи Фархор) — шоир, рӯзноманигор, нависанда ва давлатмарди тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон (2024)[1], узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2002) ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2010).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Давлат Сафар 8 марти соли 1971 дар шаҳраки Фархор ба ба дунё омадааст. Соли 1992 факултети химия ва биологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикстонро хатм кардааст.

Фаъолияти кориро дар Кумитаи давлатии радиову телевизиони ҷумҳурӣ оғоз бахшида, дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла сармуҳаррири идораҳои ахбори умум, сиёсиву таҳлилӣ ва иттилоотии ахбор, муовини аввали директори шабакаи Телевизиони Тоҷикистон кор кардааст. Барномаҳои таҳлилии «Додрас» ва «Соҳибватан» аз шинохтатарин барномаҳо ӯ дар телевизион аст.

Солҳои 2012—2014 директори генералии КВД «Тоҷиккино», солҳои 2014—2019 сардори раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2019—2021 директори нашриёти «Адиб» буд.

Аз 5 июли соли 2021 муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст[2].

Асосан дар соҳаи очерку публитсистика ва шеъру тарҷума тавфиқ дорад[3]. Ашъораш дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои «Пайғоми ишқ» (1998), «Шеъри гаҳвора» (2010), «Шаҳбол» (2010), «Авҷи парвоз» (2011), «Дурахши истиқлол» (2011), «Девони ашъор» (Кобул, 2013), «Исёни ғурур» (2013), «Субҳи истиқлол», «Достони асп» (2017), «Достони об» (2018), «Достони Роғун» (2022)[4] фароҳам омадаанд.

Меҳвари аслӣ дар ашъори Давлат Сафар ишқу садоқат ба марзу буми Тоҷикситон аст. Ҳунармандони зиёде ба ашъори ӯ оҳанг бастаанд, ки аз ҷумлаи онҳо метавон суруди «Ҳамдилии Тоҷикистону Эрон»-ро бо оҳангсози эронӣ Аҳмад Баён ном бурд[5].

  • Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2002);
  • Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (2013);
  1. 1 2 Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ. Президенти Тоҷикистон (29 августи 2024). 8 Январ 2026 санҷида шуд.
  2. ↑ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Сафарзода Д. Ш.. Президенти Тоҷикистон (5 июли 2021). 8 Январ 2026 санҷида шуд.
  3. ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с.218 ISBN 978-99947-2-379-9
  4. ↑ Муҳаммадиқбол Атоев. Достоне саропо ҳувият ва ғурур…. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (4 октябри 2022). 8 Январ 2026 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 Январ 2026.
  5. ↑ ҶАШНВОРАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМОНИ ЭРОНӢ(тоҷ.). ADAB.TJ. Адаб ва ҳунар (27 Декабри 2025). 16 марти 2026 санҷида шуд.
  6. ↑ Офарин, Давлат Сафар!. cccp.tj. СССР - Мо метавонем!. 16 марти 2026 санҷида шуд.
  7. ↑ Давлат Сафар соҳиби Ҷоизаи байналмилалӣ гардид(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (17 ноябри 2025). 8 Январ 2026 санҷида шуд.