Jump to content

Даврон Муҳаммадиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мухамадиев Даврон Мансурович
Таърихи таваллуд 23 декабр 1970(1970-12-23) (53 сол)
Зодгоҳ Душанбе
Фазои илмӣ табиб

Мухамадиев Даврон Мансурович (23 декабри 1970, ш. Душанбе) — олим, шифокор, доктори илми тиб (2003), писари Муаллими хидматнишондодаи Тоҷикистон Мансур Мухамадиев, зодаи Конибодом.

Факултаи педиатрии Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Синоро хатм кардааст. (1992). Фаъолияти кори худро ба хайсаи ассистенти кафедраи ДДТТ шурӯъ намуд солҳои 1991—1996 ба сифати муовини мудири лабараторияи марказии тиббии судии вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа кард. Соли 1996 ба вазифаи ҷонишини раиси ҷамъияти Хилоли Ахмари Тоҷикистон таъйин шуд ва то хол адои ин вазифа мекунад. Мухаммадиев соли 1998 рисолаи номзади ва соли 2003 рисолаи докториро дар мавзӯъи «Махсусиятҳои мадани иҷтимоӣ, тавсифоти клиники-рухи ва азнавбарқароркунии тиббии -иҷтимоии тоҷикзамони аз мухочират баргашта».ҳимоя намудааст. Ба калами ӯ зиёда аз 80 номгуй маколаҳои илми таалук дорад, ки аксарияти онҳо дар мачлаҳои илмии Русияву соири мамлакатҳои хориҷи нашр гардиданд. Соли 2005 Мухамадиев барои натичаҳои фаъолияти илмиаш ба чоизаи ба номи Исмоили Сомони дар чодаи илму техника шарафёб гардид.

Дар соли 2005—2006 дар хайси намояндаи Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Судон вазифаи рохбари барномаҳои башардустонаи тибби барои гурезагонро ба ухда дошт. Дар солҳои 2009—2011 рохбари барномаҳои тандурустии Федератсияи Байналхалкии Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар дар Федерацияи Русия, Беларус, Украина ва Молдова ба ухда дошт. Дар соли 2010 ба аъзогии Академияи Илмҳои Нью Йорк кабул карда шуд. Аз 2011 то айни хол Рохбари Намояндагии Минтакавии Федератсияи Байналхалкии Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар барои Федерацияи Русия ва Мамлакатҳои Муштаракул манофеъ дар сифати намояндаи дипломати фаъолият мекунад.