Дандон
Дар ин мақола пайванд ба сарчашмаҳои иттиллот намерасад. |
- Дарди дандон дораму дандон ба дандон мезанам,
- Тоқати анбур надорам, сар ба сандон мезанам.
Вақте лабҳо ба табассум боз мешаванд, дандонҳои ҷилодору булӯрине, ки дар моварои он ду лаъл маскан гузидаанд, зебоии сурат ва латофати ҳуснро фузунӣ мебахшанд. Соҳиби чунин дандон ниме аз хушбахтиро дарёфт кардааст, зеро аз як сӯ метавонад ба ҳусни худ зебоӣ ва аз сӯи дигар ба саломатӣ ва дурахшиши ҷавониро ҷилва диҳад. Нишонаи пирӣ танҳо хамидагии қомат ва коста шудан аз хирмани мӯю гесу нест. Он чӣ аз шумораи дандон кам шавад, нишонаест, ки дигар сафову зулоли ҷавонӣ ба манзили ғуруби худ равон аст. Бемориҳои дандон иборатанд аз илтиҳоби милки дандон, кирмхӯрдагии дандон, варам ва чирки буни дандон, хунрезӣ ва дарди дандон ношӣ аз авомили гуногун.
Тибби расмӣ эътироф менамояд, ки сабаби харобию пусидагии дандон то ба ҳол ошкор нашудааст, вале ихтилол дар реҷаи ғизо монанди тағйири мувозинаи намакҳо ва камбуди витаминҳо, махсусан «В», «С» ва «Д» метавонад нақш дошта бошад. Дард худ ба худ пайдо намешавад, балки ҳангоми тамос бо гармию сардӣ, туршӣ ва ширинӣ, инчунин ҷисми сахт пайдо хоњад шуд.
Пешгирии ин беморӣ дандон бояд аз батни модар оғоз гардад. Модари тифл бояд ғизоҳое итеъмонл намояд, ки саршор аз витаминҳо, фтор, калсиюм ва фосфор бошад, то тифли оянда аз дандонҳои мустаҳкам ва ҷилодор, инчунин устухони қавӣ бархӯрдор бошад. Ин мавод дар дохили ширу панир, чормағз, сиру пиёз, моҳии баҳрӣ ва карам ба таври фаровон мавҷуданд.
Агар дарди дандон ба сабаби пӯсидагӣ ва сӯрохӣ бошад, аз ин нусха истифода кунед: Занҷабилро бо каме сирко ва асал ҷӯшонда дар сӯрохии дандон бирезед.ба дарди дандон таскин мебахшад. Агар коҷи дандон дард кунад – даҳонро бо дамкардаи решаи гули хайрӣ дам ба дам обкашӣ намоед ё хокаи дорчиниро бо асал омехта карда ба коҷи дандон бимолед. Ба кољи дандон зуд шифо мебахшад.
Ним қошуқча содаи хурокиро бигиранд ва чанд қатра перексро дар он бичаконанд ва бо ангушти ишора қисмате аз онро бардоранд ва коҷи дандонро молиш диҳанд. Агар ин амалро чанд бор такрор кунанд, хунрезии дандон барои ҳамеша аз байн хоҳад рафт.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |