Jump to content

Дарвешалии Китобдор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дарвешалии Китобдор

Дарвешалии Китобдор (форсӣ: درویش‌علی کتابدار‎; қарни XV) — яке аз ходимони олирутбаи дарбори Ҳусайн Бойқаро ва бародари хурдии Алишер Навоӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дарвешалии Китобдор дар соли охири вазирии Навоӣ (1472—1487) ҳокими Балх таъйин гардид. Баъди ҳокими Астаробод таъйин шудани бародараш, бо ҳамдастии як гурӯҳ дарбориён бар зидди вазир ва рақиби Навоӣ — Хоҷа Маҷдуддин ба мубориза бархост. Пас аз сабукдӯш шудани Хоҷа Маҷдуддин Дарвешалии Китобдор дар Балх бар зидди султон Ҳусайн Бойқаро исён бардошта, ҳокими Ҳисори Шодмон — султон Мирзо Маҳмудро барои ҳуҷум ба Хуросон ва ташкили як иттиҳод таҳрик намуд. Баъди ошкор шудани ин хабар баъзе аҳли фитнаи дарбор Навоиро дар исёни Дарвешалии Китобдор шарик дониста, муносибати ӯро бо султон тезу тунд карданд. Дарвешалии Китобдор қабл аз он ки дар Балх бо султон Мирзо Маҳмуд ҳамроҳ шавад, бо миёнравии яке аз дастпарварони Навоӣ — Ғиёсуддин Муҳаммади Деҳдор аз мухолифат даст кашид ва ба Ҳусайн Бойқаро мутеъ гашт. Ҳусайн Бойқаро баъди шикаст додани неруҳои низомии султон Мирзо Маҳмуд дар Қундуз Дарвешалии Китобдор-ро дар Балх зиндонӣ кард. Дарвешалии Китобдор соли 1498 аз зиндон озод шуда, баъди бозгашт аз сафари ҳаҷ дар ш. Ҳирот сарварии китобхонаи салтанатиро ба уҳда дошт. Ба қавли устод Айнӣ, Дарвешалии Китобдор дар солҳои охири ҳаёти Навоӣ Хуросонро тарк карда, дар ҳудуди Файзободи Ҳисор (ноҳияи Файзободи Ҷумҳурии Тоҷикистон) бо деҳқонӣ рӯз мегузаронд. Ҳамсари Дарвешалии Китобдор Офоқбегии Ҷалоир ё Бегии Ҳиравӣ яке аз шоираҳои замони худ буда, аз ашъораш дар баъзе тазкираҳо ёд мешавад.

Намунаи ашъори завҷаи Дарвешалии Китобдор:

Ашке, ки сар зӣ гӯшаи чашмам бурун кунад,
Бар рӯи ман нишинаду даъвои хун кунад.