Jump to content

Дарвеш Алимуҳаммади Тоқӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дарвеш Алимуҳаммади Тоқӣ
Навъи фаъолият: хушнавис

Дарвеш Алимуҳаммади Тоқӣ (? — қарни XVI) — хаттот, наққош ва шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш шаҳри Ҳирот. Дар баъзе маъхазҳо бо тахаллусҳои Дарвеш Муҳаммади Хуросонӣ ва Дарвеши Ҳиравӣ низ ёдрас шудааст. Аз наққошони дарбори Султон Ҳусайни Бойқаро ва пайраву ҳамкори Камолуддини Беҳзод мебошад.

Дар маҷлису суҳбатҳои бузургони давраш Абдурраҳоми Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ пайваста ширкат варзида, баҳра бурдааст. Анвои хутути арабиро зебову марғуб ва хоно менигоштааст. Чандин асарҳои адибони пешин ва давраш, аз ҷумла «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомиро соли 1503 бо хати настаълиқи бағоят зебо китобат намудааст. Инчунин «Лубобу-л-албоб»-и Ҳусайни Воизи Кошифӣ (китобаташ соли 1477, таҳти рақами 2227), ду девони Алишери Навоӣ (китобаташ 1500, таҳти рақамҳои 4007 ва 7701), «Маърифату-л-мазоҳиб»-и Муҳаммад Тоҳири Ғазалӣ (китобаташ 1502, таҳти рақами 3376)-ро китобат намудааст, ки онҳо дар фонди Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии ба номи Абурайҳон Берунии АИ Узбекистон маҳфузанд.

Дар китобхонаи оммавии ба номи Салтиков-Шедрини шаҳри Санкт-Петербург «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ (Дорн 338, 1482) ва дар китобхонаи Тӯпқопусаройи Истанбул дастнависи расмдори «Куллиёт»-и (иборат аз 26 асар, 802 варақ) дар замони барҳаёт будани Алишер Навоӣ китобатнамудаи Дарвеш Алимуҳаммади Тоқӣ (Р-808, 1497–1500) маҳфуз мондаанд