Дарвеш Мансур
Дарвеш Мансур | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Таърихи даргузашт: | 1456 |
Вироиши Викидода |
Дарвеш Мансур (форсӣ: درویش منصور سبزواری[1]; 1406, Сабзавор — 1456, ҳамон ҷо) — сӯфӣ, ориф ва шоири форс-тоҷик, шогирди Мавлоно Яҳёи Себак.
Таърихи даргузашт: | 1456 |
---|
Дарвеш Мансур шахси риёзаткашу дарвеши парҳезгор буда, илми арӯзу бадеъро аз Яҳёи Себак омӯхтааст, сипас ба Ҳирот рафта, дар назди Ҳофизалии Ҷомӣ илми тасаввуфро касб кардааст. Алишери Навоӣ арӯзро дар назди Дарвеш Мансур хондааст. Мувофиқи маълумоти Алишери Навоӣ ва Фахрии Ҳиротӣ (асри 16), Дарвеш Мансур дар илми арӯз ду рисола таълиф намуда, ба қасидаи маснӯи Салмони Соваҷӣ ҷавоб гуфтааст. Ашъори парокандаи Дарвеш Мансур дар тазкираву баёзҳо, аз ҷумла дар «Радоифу-л-ашъор»-и Навоӣ, «Ҳабибу-с-сияр»-и Хондмир зикр шудаанд ва бештар мазмуни ошиқона, тасаввуфӣ ва фалсафӣ доранд. Дарвеш Мансур афкори ирфониашро дар рубоӣ ва мазмунҳои ошиқонаро дар ғазал ифода кардааст. Аз ҳайси шакл ва тарзи баён низ ашъори Дарвеш Мансур устодона буда, 5 санъати бадеии анъанавиро бо камоли маҳорат ба кор мебурдааст, ки қасидаи маснӯи ӯ ин даъворо ба хубӣ собит менамояд. Ба қавли Навоӣ дар матлаи он яке аз санъатҳои нодир ва душвори анъанавӣ «тарсеъ» акс ёфтааст:
Бас давидам дар ҳавои васли ёр,
Кас надидам ошнои асли кор.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ درویش منصور سبزواری. rasekhoon.net. 16 апрели 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дарвеш Мансур / А. Афсаҳзод // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
- Дарвеш Мансур // А — Калим. — Д. : СИЭМТ, 1988. — (Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Ҷ. Азизқулов ; 1988—2004, ҷ. 1). — ISBN 5-89870.