Дарвинизм
Дарвини́зм — ҷараёни илмӣ дар зистшиносиро гӯянд, ки эвомотсияи олами органикӣ ва ба вуҷуд омадани ҳаёт дар Заминро меомӯзад. Асосгузораш Чарлз Дарвин буда, шогирдону пайравонаш (А. Уоллес, Т. Ҳексли, Э. Ҳеккел, Ф. Мюллер, Н. А. Севертсов, И. И. Мечников, К. А. Темирязев ва дигарон) онро такмил додаанд.
Истилоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Истилоҳи дарвинизмро Т. Ҳексли пешниҳод намудааст. Дарвинизм омилҳои моддии таҳаввул (ирсият ва тағйирпазирӣ) ва омилҳои ҳаракатдиҳанда (интихоби табиӣ барои мавҷудоти зиндаи табиат ва интихоби сунъӣ барои ҳайвоноти хонагӣ ва зироат)-ро ҷудо менамояд. Тафовути усулии дарвинизм аз назарияҳои таҳаввулӣ ва таносухии собиқ дар он аст, ки он яке аз омилҳои ҳаракатдиҳандаи таҳаввул — интихоби табииро ошкор намуда, ба ин васила ба тадқиқоти объективии механизмҳои сабабии таҳаввул асос гузошт.
Омилҳои асосии таҳаввул дар таълимот
[вироиш | вироиши манбаъ]ҳаракатдиҳандаи таҳаввул дар табиат интихоби табиӣ буда, он бар хилофи интихоби сунъие, ки инсон анҷом медиҳад, аз таъсири муҳит ба организм вобаста аст. Аз нигоҳи Дарвин, интихоби табиӣ «таассуроти организмҳои бештар мутобиқгардида» мебошад, ки дар натиҷаи он, дар асоси тағйироти ирсии номуайян (мавод барои таҳаввул) дар як қатор наслҳо таҳаввул сурат мегирад. Дар «мубориза барои ҳаёт» шаклҳое зинда мемонанд, ки бештар ба шароити муҳит созгор шудаанд. Муҳимтарин нукоти таълимоти дарвинизм нисбияти мақсаднокии органикӣ, номукаммал будани мутобиқати организмҳо ба шароити муҳити беруна, ҳадафмандии сохтор ва вазифаҳои онҳо аст. Ин омил заминаро барои такомули пайвастаи организмҳо дар раванди интихоб фароҳам меорад. Ҳарчанд Дарвин интихоби табииро ҳамчун омили асосии ҳаракатдиҳандаи таҳаввул шинохта бошад ҳам, интихобро ягона омили таҳаввул намедонад. Манбаъҳои дарвинизм чандин назарияҳои табиӣ-илмие мебошанд, ки дар садаи XVIII ва нимаи аввали садаи XIX зуҳур карда буданд. К. Линней усули зинагии мақулаҳои мунтазамро пешниҳод кард (наздик ба усули дарвинӣ — гуногунии нишонаҳо дар раванди таҳаввул) ва инсонро дар зумраи ширхӯрҳо ҷой дода, тасаввурот дар бораи ғайриодӣ будани инсонро ҳамчун падидаи табиат рад намуд. Ғояҳои таносух (имконияти табдили як шакл ба шакли дигар) бидуни ошкор сохтани омилҳои ҳаракатдиҳандаи таҳаввул бо усули муттасилии Лейбнитс алоқаманд буда, аз ҷониби табиатшиноси швейтсарӣ Ш. Бонне ва маорифпарварони фаронсавӣ П. Л. Мопертюи ва Ж. Л. Бюффон тарғибу ташфиқ мегардид. Дар омодасозии дарвинизм тадқиқотҳои мушаххас ва чандин натиҷагириҳои назариявии мухолифони шадиди назарияи таҳаввул нақши бисёр муҳимро бозидаанд. Мас. Ж. Кювйе палеонтология, назарияи иртиботи мутақобили қисматҳои организмро эҷод карда, чандин усулҳои анатомияи муқоисавиро тартиб дод ва асосҳои геохронологияро бунёд гузошт. Морфологияи идеалӣ (И. В. Гёте, Г. Бронн, К. Э. фон Бэр) усулҳои муқоисаи сохторҳои органикиро пешниҳод намуд, ки дар шакли такмилёфта ба ҳайати илмҳои барои дарвинизм муҳимтарин — анатомияи муқоисавӣ ва эмбриологияи муқоисавӣ ворид шуданд. Асарҳои космогонии Кант ҳамчун манбаъи тасаввурот дар бораи имконияти таҳаввули ҷирмҳои кайҳонӣ хидмат кардаанд. Муҳимтарин манбаи дарвинизм, назарияи таҳаввули симои замин мебошад, ки солҳои 1829-33 аз ҷониби Ч. Лайел эҷод гардидааст. Эътирофи назарияи таҳаввули геологӣ ба ташаккули дарвинизм замина гузошт. Ҳамин тавр, дарвинизм назарияҳои табиӣ-илмӣ ва фалсафии замони худро таркиб намуд. Солҳои 1859-62 назарияи таҳаввулот (эволютсионизм) амалан эътирофи умум пайдо кард.
Танқид
[вироиш | вироиши манбаъ]Нахустин мунаққидони Дарвин (зоологи америкоӣ Ж. Л. Р. Агассис, анатоми англис Р. Оуэн) аз мавқеи офариниш баромад мекарданд. Мазмунҳои илҳодии назарияи Дарвин, бахусус роҷеъ ба масъалаи пайдоиши инсон ҳуҷумҳои тезу тунди рӯҳониёнро ба дарвинизм барангехт. Дар маркази мубоҳиса масъалае қарор дошт, ки оё интихоби табиӣ омили ташаккул ва эҷоди таҳаввул шуда метавонад. Мухолифони дарвинизм диққати асосиро ба масъалаҳои зерин равона карданд: Оё интихоби табиӣ, ки «нақши ғалбер»-ро бозида, мутобиқнашудагонро берун меандозад, нақши эҷодкунандаро бозида, ҷараёни рӯзафзуни таҳаввулро таъмин карда метавонад? Чӣ гуна нишонаҳои созгори фардҳои зиндамонда метавонанд дар наслҳои худ боқӣ монда, ҳангоми омезиши ҳомилҳои ин нишонаҳо бо фардҳои ҳомили дигар нишонаҳо маҳв нагардад?
Зиддидарвинизм
[вироиш | вироиши манбаъ]Танқиди дарвинизм аз ду ҷониб — аз нигоҳи эктогенез ва автогенез сурат гирифт. Хусусияти умумии ин ду равияи зидди дарвинизм эътироф накардан ё басо маҳдуд сохтани нақши интихоби табиӣ дар раванди таҳаввул мебошад. Мухолифони дарвинизм — автогенетикҳо сабабҳои рушди таҳаввулро танҳо дар даруни организм дида, нақши муҳитро ҳамчун омили шаклдиҳандаи дар доираи меъёри вокуниши генотип амалкунанда, инкор менамоянд. Назарияҳои автогенетикии неодарвинизм, ки дар охирҳои садаи XIX аз ҷониби А. Вейсман такмил дода шуд, таҳаввулро ҳамчун мувофиқати аз шароитҳои беруна новобастаи нишонаҳои ирсӣ маънидод мекард. Кашфи дубораи қонунҳои Г. Мендел (1900) ба рушди босуръати генетика дар оғози садаи XX сабаб гардид ва менделгароёни нахустин менделизмро ҳамчун назарияи умумии табиӣ-илмие баррасӣ мекарданд, ки метавонад дарвинизми «куҳнашуда»-ро иваз намояд. Азнавбаҳодиҳии нақши тағйироти мувофиқатӣ дар таҳаввулот ҳангоми нодида гирифтани нақши интихоби табиӣ, ки арзиши мутатсияҳои пайдошуда ва мувофиқати онҳоро назорат менамояд, баъзе дарвингароёни нахустинро ба назарияҳои автогенетикӣ (Я. Лотси) ва кӯшиши табдили дарвинизм бо менделизм оварда расонид. Ин тамоюлҳо танқиди шадидеро аз ҷониби «дарвинистҳои рошидӣ» (К. А. Тимирязев, М. А. Мензбир ва дигарон) барангехт, чунки далелҳои аз ҷониби менделистони нахустин гирдовардашуда барои ҷанбаҳои нисбатан заифи дарвинизм — таълимоти дар бораи ирсият ва сабабҳои тағйирёбӣ, тақвиятдиҳанда ба назар намерасиданд. Аз ду самти асосии тараққиёти зиддидарвинизм, ба таври алоҳида назарияи номогенез меистад (аз ҷониби моҳишинос ва ҷуғрофиёдон Л. С. Берг пешниҳод гардид, 1922), ки назарияҳои автогенетикаӣ ва эктогенетикиро бо ҳам муттаҳид сохта, нақши махсусро ба мувофиқи мақсад будани хосияти мавҷуди зинда мақоми махсус бахшида, диққати асосиро ба самти раванди таҳаввул равона намуд. Дар солҳои 20 садаи XX палеонтолог дарвинизм Н. Соболев ва ҳашаротшинос (энтомолог) А. А. Любишев бар зидди дарвинизм чандин мақолаҳои илмӣ ба нашр расониданд. Танқиди зиддидарвинистон боиси ошкор намудани баъзе ҷанбаҳои ба таври нокифоя коркардшудаи дарвинизм гардид. Дар осори бархе зиддидарвинистон далелу нуктаҳои назариявии арзишманд вуҷуд доранд. Масалан: дар рушду равнақи эволютсионизми муосир тадқиқоти зиддидарвинистоне чун Э. Коп (назарияи филогенияи ширхӯрҳо) ва Л. С. Берг (осор доир ба зоогеография ва филогенияи моҳиҳо) арзиши зиёди илмӣ доранд. Навтарин ихтироот дар соҳаи биологияи молекулавӣ, ки назарияи омехтаи дин таҳаввулро дар худ иниъкос накардаанд, назарияи дарвинизми муосирро куллан дигаргун мекунанд. Дар солҳои 60 раванди синтези саввум оғоз шуда, илми нави синтезӣ — биологияи таҳаввулӣ кашф гардид, ки муҳимтарин қисмати он таҳаввули молекулавӣ мебошад. Алҳол шумораи омилҳои моддӣ ва ҳаракатдиҳандаи таҳаввул дар муқоиса бо се омилҳое, ки Дарвин ошкор намуда буд, хеле бештар аст. Дар айни ҳол, новобаста ба тағйирёбиҳои куллии назарияҳои сершумор ва андӯхти маълумоти нав, биологияи таҳаввулӣ дар ҳамон самте рушду равнақ ёфта истодааст, ки ба он дар ибтидо аз ҷониби дарвинизм ва сипас аз ҷониби назарияи омехтаи таҳаввул замина гузошта шуда буд. Охири садаи XIX-ибтидои садаи XX дар тафаккури иҷтимоӣ ҷараёни нави биологизаторӣ ё худ дарвинизми иҷтимоӣ зуҳур кард, ки мувофиқи он низом ва рушди ҷамъият ба воситаи амали табиати зинда маънидод мегардид; омили муайянкунандаи ҳаёти иҷтимоӣ мансубияти инсон ба олами табиӣ ва тафовути биологӣ асоси тафовутҳои иҷтимоӣ шинохта мешуд. Ин ҳаракати ғоявӣ аз чандин назария иборат буда, бо моҳияти иҷтимоию сиёсӣ, ормонҳои ҷамъияти оянда ва аз рӯи интихоб ба ҳайси асосҳои назариявии ин ё он қобилияти табиии инсон ва қонунҳои таҳаввули он (ғариза, ирсият, мутобиқат бо тағйироти муҳит, мубориза барои ҳастӣ ва интихоби табиӣ) фарқ мекард. Дар маркази диққати тафаккури иҷтимоӣ-дарвинистӣ низоъҳои байни афрод, гурӯҳҳо, ҷамъиятҳо, ниҳодҳо, суннатҳо ва ғ. ва воситаҳои ҳалли онҳо қарор дошт. Омили асосии рушди олами иҷтимоиро Т. Ҳобс «муборизаи ҳама бар зидди ҳама» ва Т. Р. Малтус маҳдудияти захираҳои табиию муборизаи иҷборӣ барои ҳастӣ медонистанд. Нуфузи Ч. Дарвин ва биология ҳамчун улуми табиӣ, кашфиёти минбаъдаи он ва истилоҳоти биологӣ дар доираи дарвинизми иҷтимоӣ аз ҷониби ҷаҳонбиниҳо ва барномаҳои гуногун: консерваторҳою либералҳо, сотсиал-реформаторҳою сотсиалист-инқилобиён, тарғибгарони таҳаввулоти маънавӣ-прогрессивии инсоният ва нажодпарастон истифода мешуд. Бахусус ба ғояҳои дарвинизми иҷтимоӣ назарияҳои нажодпарастӣ такя карда, нобаробарии фарҳангии нажодҳоро дар тафовутҳои биологӣ, шароитҳои ҷуғрофиёӣ ва иқлимии зисти онҳо меҷустанд; бартарии нажоди сафедпӯстони ғарбиро асоснок карда, ғаризаҳои забткоронаи он (империализм ва колониализм)-ро собит сохтанӣ мешуданд. Дар натиҷа биология ба идеология табдил меёфт ва таърихи инсоният ба муборизаи нажодҳо барои ҳукмрони ҷаҳон шудан тафсир мегардид. Пас аз Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ҷамъияти умумибашарӣ самти сиёсиеро, ки ба ғояҳои дарвинизми иҷтимоӣ такя мекард, ҳамчун ғояи зиддиинсонӣ маҳкум намуд. Мутаассифона, идеологияи сиёсии дарвинизми иҷтимоӣ ҳанӯз ҳам дар шакли ташкилотҳои нажодпарастиву ифротгароӣ арзи ҳастӣ менамояд, ҳарчанд дар аксари кишварҳои ҷаҳон мақоми расмӣ надорад. Аммо дарвинизми иҷтимоӣ дар доираи ҷамъиятшиносӣ, инсоншиносии фарҳангию иҷтимоӣ, равоншиносии иҷтимоӣ нақши мусбат бозида, барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи низоъҳо мусоидат кардааст.
Филмшиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- «С точки зрения науки: Был ли Дарвин прав?» (англ. Naked Science: Evolution: Was Darwin Wrong?) — фильм, снятый National Geographic в 2006 г.
- «Неизвестные дневники Дарвина» (англ. Darwin's Secret Notebooks) — фильм, снятый National Geographic в 2008 г.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дарвинизм / М. Ҳазратқулов // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
- Веселов Е. А., Дарвинизм: Учебник для педагогических вузов. — М., 1955. — 503 с.
- Выготский Л. С., Лурия А. Р. Этюды по истории поведения: Обезьяна. Примитив. Ребенок. М.: Педагогика-Пресс, 1993. — 224 с.
- Дарвин Ч., Происхождение видов путём естественного отбора. Соч., т. 3, М. — Л., 1939
- История эволюционных учений в биологии, М. — Л., 1966
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Проблемы эволюции Бойгонӣ шудааст 8 май 2012 сол.
- «Опасный дарвинист» (беседа Ричарда Докинза с корреспондентом журнала «Skeptic (U.S. magazine)» Frank Miele)
- Португалова О. [Дарвин попал в "политические] (Почему американцы не принимают теорию Дарвина) // Газета.ру, 14.08.2006