Jump to content

Дармонгоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дармонгоҳ

Дармонгоҳ, амбулато́рия (аз лот. ambulare — бо рафтуо иҷро кардан) — муассисаи табобатӣ.

Амбулатория ба фаъолияти нуқтаҳои фелдшерию акушерӣ ва нигаҳдории тандурустӣ назорату роҳбарӣ менамояд. Назар ба дармонгоҳ дар амбулатория шумораи ками мутахассисон — терапевт, ҷарроҳ, педиатр, стоматолог кор мекунанд. Бемороне, ки ба намуди дигари ёрии тиббӣ мӯҳтоҷанд, ба муассисаҳои табобатии дахлдор фиристода мешаванд. Кори амбулатория дар асоси усули тақсимоти ҳудуду маҳалҳо (аз рӯи маҳали истиқомат ва ҷойи кор) ба роҳ монда мешавад. Вазифаи коркунони амбулатория аз пешгирии беморӣ ва умури санитарию гигиенӣ низ иборат аст. Дар Тоҷикистон амбулаторияи аввалин соли 1886 дар маҳаллаи Миршабхонаи шаҳри Хуҷанд, дар ҳавлии Грудинин ном тоҷир таъсис ёфта буд, ки асосан ба занҳои маҳаллӣ кумак мерасонд. Дар он як нафар духтури зан, тарҷумон ва фелдшер кор мекард. Дар давоми зиёда аз як сол тақрибан 4 ҳазор нафар занон муолиҷа гирифтанд. Дар давраи Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон адади амбулатория хеле афзуд. Амбулаторияҳои ҳозиразамон бо таҷҳизоти замонавӣ ва мутахассисони варзида таъмин мебошанд.