Jump to content

Дархости вакили халқ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Дархости вакили халқмуроҷиати вакили халқ ё гурӯҳи вакилон, комиссияҳои доимн ва муваққагии Маҷлиси вакилони халқ дар иҷлосия, ки ба раис, дигар роҳбарони ҳокимияги иҷроия ва мақомоти он, корхонаҳо, ташкилогу муассисаҳое, ки дар ҳудуди Маҷлиси дахлдори вакилони халқ воқеанд, оид ба масъалаҳои ба салоҳияти Маҷлиси вакилони халк д ахлдошта мебошад (м.29 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи ҳокимняти давлатӣ дар маҳалҳо»). Дархост дар шакли хаттӣ ё даҳонӣ пешниҳод карда мешавад. Дархости хаттӣ дар иҷлосия аз тарафн раис хонда дода мешавад. Мақомоти давлатӣ, шахси мансабдор, ки дархост ба онҳо дахл дорад, бояд д ар иҷлосняи вакилонн халқ оид ба дархост ҷавоби даҳонӣ ё хаттӣ диҳанд. Ҷавоби дархост дар муҳлати муқарраркардан Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод шуда, дар иҷлосия хонда мешавад. Ҷавоби гардондашуда дар иҷлосия муҳокима шуда, қарор қабул карда мешавад.

Дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 6 авгуси соли 2001 ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ дода мешавад, ки ба Сарвазир, дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикисгон, роҳбарон ва шахсони мансабдори дигари мақомоти ҳокимият ва идораҳои давлатӣ. иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин ба роҳбаронн корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо барои додани тавзеҳоти расмӣ ё баён намудани мавқеашон оид ба масъалаҳое, ки ба манфиатҳои муҳимтарини ҷамъиятӣ дахл дошта, дорои аҳамияти давлатӣ мебошанд, дархост пешниҳод кунанд. Дархост аз тарафи узви Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё гурӯҳи вакилон дар шакли хаттӣ ё даҳонӣ пешниҳод шуда метавонад. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дархости худро ба мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор бо хоҳиши худ метавонад бевосита ё тавассути Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон фиристонад. Бо талаби ӯ масъалаи дар дархост пешниҳод шуда ба муҳокимаи Маҷлиси миллӣ ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешавад. Мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор, ки ба вай дархост фиристода шудааст, вазифадор аст, ки дар муддати на дертар аз як моҳи қабули он ҷавоби расмии хаттӣ диҳад. Аз рӯи ҷавоби дархост ва натиҷаҳои муҳокимаи он Маҷлиси миллӣ ва Маҷлисн намояндагон қарор қабул мекунанд (м.13 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»).[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳуқуқэҷодкунӣ

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 142-143