Jump to content

Дастовардҳои селексионӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Дастовардҳои селексионӣ — навъи наботот ва ё ҳайвоноти хонагӣ, ки бо роҳи интихоби сунъӣ ба даст оварда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи дастовардҳои селексионии зироатҳо аз 4 ноябри соли 1995 қабул карда шудааст. Меъёрҳои қонуни номбаршуда танҳо ба фаъолияти селексионӣ дар соҳаи зироаткорӣ татбиқ карда мешаванд. Навъи зироат бо нишонаҳое муайян карда мешавад, ки ин гурӯҳи зироатҳоро аз зироатҳои ботаникӣ бо яке аз нишонаҳо фарқ мекунонад. Дастоварди селексионӣ бояд чунин нишонаҳоро доро бошад:

  1. нав бошад, яъне то лаҳзаи пешниҳод намудани дархост барои гирифтани патент барои тухмй ё зироат, барои истифода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мамолики дигар дода нашудааст;
  2. фарқият, яъне аз дигар навъҳои мавҷудаи рустаниҳо ва дастовардҳои
  3. селексионӣ фарқ мекунад;
  4. ҳамҷинсӣ, яъне навъи рустаниҳо бояд ба ҳамдигар монанд бошанд;
  5. устуворй, яъне тагӣирнопазир будани онҳо дар давоми солҳои тӯлонӣ.

Дастоварди селексионӣ танҳо объекти моликияти зеҳнӣ набуда, балки предмете мебошад, ки воқеан вуҷуд дорад. Ба ин сифат дастоварди селексионӣ ба сифати объекти ҳуқуқи моликияти хусусӣ ё давлатӣ баромад карда метавонад. Тартиби бақайдгирии дастоварди селексионӣ бо моддаи 10 Қонун пешбинӣ шудааст. Муаллиф дар асоси шартномаи литсензионӣ ҳуқуқи истифодабарии дастоварди селексиониро бо музд ё бемузд ба шахси дигар дода метавонад. Захираи давлатии озуқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қонеъ гардонидани талаботи мардуми кишвар ба роҳ монда шудааст. Дар гузариш ба муносибатҳои бозаргонӣ низоми дурусти ташаккул ва ғункунии захираҳои озуқавории давлатӣ ҳамчун як фишанги таъсиррасонии бозор интихоб гардидааст. Ташаккулёбни захираҳои давлатии озуқа тавассутн низоми контрактатсия ба амал бароварда мешавад, ки мавҷудияти сохтори махсуси танзнмку нанда ва таҳлилкунандаи инкишофи муносибатҳои бозаргониро тақозо менамояд. Танзими давлатии ин самт бо фишангҳои иқтнсодӣ, аз қабили хариди давлатии маҳсулоти кишоварзӣ ба фондҳои захираи озуқаи давлатӣ, амалиётҳои давлатии гарав бо маҳсулоти асосии кишоварзӣ, усулҳои муқаррар намудани нархҳои кафолатнок, нархҳои хариди давлат ва ғайра амалӣ карда мешавад. Дар ин самт танзнми давлатии муносибатҳои шартномавиро низ қайд кардан лозим аст. Давлат шартномаҳои намунавиро оид ба харид, маҳсулотсупории маҳсулоти кишоварзӣ, гарави он, иҷрои маҳсулоти озуқа ба фондҳо ва захираҳои марказӣ ва маҳаллии давлатӣ тасдиқ мекунад.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 145-146