Дасторбош
Дасторбош | ||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Tanacetum.
|
||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||
Tanacetum pseudachillea C.Winkl., 1891 | ||||||||||||
|
Дасторбош, зарпоша (лот. Tanacetum pseudachillea) — гиёҳест бисёрсола. Бӯи хос дорад. Пояаш (як ё чандто) рост, сахти қиррадор, бешох; аз 30 то 140 см қад мекашад. Баргаш дарозрӯя, дандонадор. Гулаш зард, моҳҳои июн — август мешукуфад. Дар канори ҷангалзор, байни буттаҳо, соҳили рӯду дарёҳо, қад — қади ҷӯйборҳо, ҷойҳои соя, марғзор, нишебиҳои санглох ва регзор мерӯяд.
Корбурдҳои пизишкӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо мақсади табобат аз сабадакҳои гули дасторбош истифода мекунанд. Онро ғундошта дар ҷои соя мехушконанд. То 3 сол нигоҳ доштан мумкин аст.
Табибони халқӣ нақеъ ё ҷӯшоби барг ва «сабадаки» гулдори зарпошаро барои табобати дарди санги талхадон ва зардпарвин тавсия медиҳанд. Чойи гулу барги он ҳангоми бемориҳои меъдаю рӯда, дилзанӣ, асабият, саръ, ҳорӣ, ниқрис, иллатҳои ҷигару гурда, сили шуш, обхӯра, бавосир ва чун давои киҷҷакуш, арақрон, дарунбанд истифода мешавад. Бо ҷӯшоби гули дасторбош барои рафъи сабӯсак сарро мешӯянд.
Дар амалияи тибби муосир низ нақеъи гули дасторбош ё ҷӯшоби онро чун давои киҷҷарон кор мефармоянд. Махсусан ҳангоми аскаридоз (якчумчагӣ 3 маротиба дар як рӯз) самарабахш аст. Бо нақеъи гули он захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангуштаро табобат мекунанд. Хокаи гули дасторбош барои муолиҷаи газаки меъда тавсия шудааст. Доруи «Танатсин», ки аз хӯшагули дасторбош тайёр карда шудааст, давои дарди санги талхадон мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972;
- Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974;
- Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственые растения СССР, М., 1976;
- Полуденный Л. В. (ва диг.), Эфирномасличные и лекарственные растения, М., 1979;
- Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.