Jump to content

Дастури Маҷлиси намояндагон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Дастури Маҷлиси намояндагон — ҳуҷҷати ҳуқуқиест, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ноябри соли 2001 қабул гардид. Вай аз ҷиҳати сохт, мазмун ва ҳаҷм нисбат ба Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба куллӣ фарқ дорад. Агар Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 боб ва 68 модда иборат бошад, Дастури Маҷлиси намояндагон дорои 6 фасл, 26 боб ва 176 модда мебошад. Сабаби фарқияти дастурҳои ин маҷлисҳо тасодуфй набуда, пеш аз ҳама ӯ ба фаъолияти кории онҳо вобастагӣ дорад. Масалан, Маҷлиси намояндагон мақомоти доимоамалкунанда ва касбй буда, доираи фаъолияти кории он дар ҳайати Маҷлиси Олӣ васеъ мебошад, аз ин ҷиҳат иштироки ҳар як сохтори дохилии он ба воситаи ин Дастур муқаррар карда шудааст. Ҳар як фасл ва боби Дастури Маҷлиси намояндагон, тартиби корҳоеро, ки аз тарафи Раиси Маҷлиси намояндагон ва муовинони ӯ, Шӯрои Маҷлиси намояндагон, кумитаю комиссияҳо, вакилони Мадлиси намояндагон, фраксия ва гурӯҳҳои вакилон, дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба мақсади амалӣ гардонидани салоҳиятҳои Маҷлиси намояндагон иҷро мекунанд, ба танзим медарорад.

Асосан Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар фасли якумаш- тарзи пешбарии номзадҳо ва интихоби раиси Маҷлиси намояндагон ва муовинони ӯ, ташкили Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ташкил ва интихоби кумитаю комиссияҳо, тартиби муттаҳид гаштани вакилони Маҷлиси намояндагон ба фраксияю гурӯҳҳо, тарзи ташкил, сохтор ва вазифаҳои дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро муқаррар менамояд.

Фасли дуюми он ба фаъолияти Маҷлисн намояндагон бахшида шудааст, ки дар ин ҷо оғози кори Маҷлиси намояндагон, тартиби гузаронидани иҷлосияҳо ва ҷаласаҳо, тартиби овоздиҳӣ ва қабули қарорҳо, назорати истифодаи системаи электронӣ, тартиби гузаронидани мухокимаи парламентӣ ва чорабиниҳои Маҷлиси намояндагон, кор бо интихобкунандагон муқаррар шудааст.

Фасли сеюми Дастур тартибн фаъолияти қонунгузориро ба таври зерин пешбинӣ менамояд: тартиби пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо ва тайёр кардани онҳо барои баррасӣ, тартиби баррасии лоиҳан қонунҳо ва қабули онҳо дар Маҷлиси намояндагон, тартиби баррасии такрории қонунҳое, ки Маҷлисн миллӣ ҷонибдорӣ накардааст, тартиби баррасии такрории қонунҳое, ки Президент баргардонидааст, тафсири Конститутсия, Қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби баррасӣ ва қабули қонун дар бораи буҷаи давлатӣ ва назорати иҷрои он.

Фасли чорум бахшида ба тартиби баррасии дигар масъалаҳо, ки ҳалли онҳо ба салоҳияти Маҷлиси намояндагон мансуб аст, аз ҷумла, таъсис додани Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои комиссия, ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо, масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ, тасдиқи барномаҳои иктисодию ичтимой, додани ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ, тартиби тасдиқ ва бекор кардаии шартномахон байналмилалй, таъйии кардаии раъйпурсӣ, таъсиси судҳо ва дигар масъалаҳо муқаррар шудааст.

Фасли панҷуми Дастури Маҷлиси иамояидагои робитаҳои байналмияалии Маҷлиси намояндагоиро ба таизим медарорад.

Фасли шашуми он ба қисми хотимавӣ бахшида шудааст, ки дар он тартиби тағӣироту иловаҳои мешудагаро муқаррар кардааст.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 147