Дастури ҷаласаҳои Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагони МО Ҷумҳурии Тоҷикистон
Зоҳир
Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - санади меъёрию ҳуқуқиест, ки тартиби гузаронидани ҷаласаҳои якҷояи ҳар ду маҷлисро танзим мекунад. Аз ҷумла:
- тартиби даъват ва гузаронидани ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон;
- тартиби гузаронидани ҷаласаҳо ҳангоми савганд ёд кардан, истеъфо ва шунидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тартиби гузаронидани ҷаласаҳо ҳангоми суханрониҳои роҳбарони давлатҳои хориҷӣ;
- тартиби тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷанг ва вазъияти фавқулодда;
- тартиби баррасии масъалаи додани ризоияг ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз худуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тартиби тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи таьиин ва озод кардани Сарвазир ва аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тартиби баррасии Паёми Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;
- тартиби баррасни масъалаи таъйин кардани маоши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тартиби таъйини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тартиби баррасии масъалаи дахлнопазирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тартиби сарфароз гардонидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ;
- тартиби таъйч ин ва озод намудани сармуҳаррирони нашрияҳои Маҷлиси Олӣ, тасдиқи Оиннома ва сметаю хароҷоти онҳо ва ғайра.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 146