Jump to content

Даъватӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Даъватӣ - ин мафҳум ба ду маъно истифода бурда мешавад: 1) оғози фаъолиятн мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ то ба охир расидани ваколатдории он.

Масалан, Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз қабули Конститутсияи соли 1994 навбати дуюм аст, ки аз нав интихоб мешаванд ва онҳо Маҷлисҳои вакилони халқ даъвати дуюм мебошанд; 2) яке аз шакли асосии ташкилию ҳуқуқии фаъолияти мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ иҷлосия буда, ба тарзи даъватӣ сурат мегирад. Масалан, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соле на камтар аз ду бор аз тарафи Раиси Маҷлиси миллӣ даъват карда мешавад (м. 52 Конститутсияи ҶТ).[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳуқуқ

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 150-151