Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
![]() | |
Кишвар | |
---|---|
Қонунӣ барои | Тоҷикистон |
Миқдори курсиҳо | 97 |
Вебгоҳи расмӣ | parlament.tj(тоҷ.)(рус.)(англ.) |
![]() |
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ниҳоди олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аст[1].
Сохтор
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҷлиси Олӣ аз ду бахш — Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Муддати ваколати аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон — 5 сол аст. Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.
Тартиби ташаккул
[вироиш | вироиши манбаъ]

Тартиби ташаккули Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 49 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст. Маҷлиси намояндагон дар интихоботи умумӣ, баробар, мустақим ва бо раъйдиҳии пинҳонӣ шакл мегирад; доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад ва — 63 вакили халқ дорад. Вакили Маҷлиси намояндагон шаҳрванде метавонад интихоб шавад, ки бештар аз 30-сола ва дорои таҳсилоти олӣ бошад.
Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 33 вакили халқ дорад, ки 25 нафар вакилро, ки сечаҳоруми аъзои Маҷлиси миллиро ташкил медиҳанд, ба тариқи ғайримустақим, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ бо раъйдиҳии пинҳонӣ интихоб мешаванд. 8 нафар вакилонро, ки якчаҳоруми аъзои [[Вакили халқ|вакилони халқи] Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад.
Фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъватӣ мебошад. Шаҳрванде, ки сини ӯ аз 30 боло аст ва дорои таҳсилоти олӣ мебошад, метавонад узви Маҷлиси миллӣ интихоб ё таъйин шавад[2].
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Моддаи 48. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. mmk.tj. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 12 марти 2024 санҷида шуд.
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 5 марти 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 апрели 2015.