Даъвогари гражданӣ
Даъвогари гражданӣ – ҳамон шаҳрванд, корхона, муассиса ё ташкилот даъвогари гражданӣ дониста мешавад, ки аз ҷиноят зарари моддӣ дидааст ва мувофиқи м. 56 КМҶ товони он зарарро талаб кардааст. Дар бораи даъвогари гражданӣ ҳисоб кардан шахси таҳқиқкунандаи ибтидоӣ, муфаттиш, қарор қабул менамоянд, суд бошад, таъйинот мебарорад. Даъвогари гражданӣ ё намояндаи ӯ ҳақ доранд: далелҳо пешниҳод кунанд; дархост изҳор намоянд; дар муҳокимаи судӣ иштирок кунанд; аз мақомоти таҳқиқи ибтидой, муфаттиш ва суд татбиқи чораҳои таъмини даъвои худро хоҳиш намоянд, даъвои гражданиро дастгирӣ намоянд, бо маводҳои парванда аз лаҳзаи тамом шудани тафтиши пешакӣ, аз рӯи парвандаҳое, ки тафтиши пешакӣ гузаронида нашудааст, аз лаҳзаи ба суддода шудани айбдоршаванда шинос шаванд; изҳори рад кунанд; аз болои ҳаракатҳои шахси таҳқиқку нандаи ибтидой, муфаттиш, прокурор ва суд шикоятҳо кунанд, инчунин аз болои ҳукм ва таъйиноти суд дар қисме, ки ба даъвои гражданӣ дахл дорад, шикоят кунанд. Даъвогари гражданӣ вазифадор аст, ки бо талаби суд ҳуҷҷатҳои дар ихтиёраш бударо, ки бо даъвои арзкардашуда вобастанд, пешниҳод намояд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 152
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |