Дақёнус

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Дақёнус
лотинӣ: Gaius Messius Quintus Traianus Decius
Emperor Traianus Decius (Mary Harrsch).jpg
 
Эътиқод: religion in ancient Rome[d]
Саннаи таваллуд: 201
Марг: 1 июл 251(0251-07-01)
Сулола: Decius Mus[d]
Ҳамсар: Herennia Etruscilla[d]
Фарзандон: Herennius Etruscus[d]
Hostilian[d]

Дақёнус, Дақюс (арабӣ: دقیانوس‎, лотинӣ: Gaius Messius Quintus Traianus Decius) — дар ривоятҳои масеҳӣ ва исломӣ подшоҳи мушрику ситамгарест, ки мардумро ба бутпарастӣ водор карда, яктопарастонро бераҳмона таъқиб менамуд ва зери фишору ситам қарор дода буд.

Ривоятҳо[вироиш]

Ба қавли Абдуллоҳи Ансорӣ («Кашфу-л-асрор»), Дақёнус ҳаргиз бемор намешуд ва аз мутакаббирӣ даъвои худоӣ карда, ҳар касеро, ки ба худоии ӯ иқрор намешуд, ба қатл мерасонид. Асҳоби Каҳф дар аҳди ҳукмронии ӯ дар шаҳри Афсус (шаҳри бостонии Эфес) зуҳур карданд. Тибқи ривояте, шаш нафари онҳо вазирони ӯ буданд. Мутобиқи ривояти дигар, ӯ онҳоро, ки ҷавонони яктопараст буданд, ба назди худ хонда, аз ақидаашон пурсон шуд. Онҳо ақидаи тавҳидии худро бебокона баён карда, Дақёнусро ҳам ба сӯи имону тавҳид даъват карданд. Дақёнус даъвати ҷавонони яктопарастро напазируфта, онҳоро бо таҳдид барои гаравидан ва баргаштан ба дини қавми худ чанд рӯз муҳлат дод. Асҳоби Каҳф бо истифода аз фурсати муносиб аз мамлакати Дақёнус фирор карданд ва ба ғоре паноҳ бурданд. Дақёнус пас аз огаҳӣ ёфтан аз фирори онҳо, лашкари азиме омода кард ва ба ҷустуҷӯяшон фиристод.

Воқеъияти таърихӣ[вироиш]

Аз нигоҳи воқеияти таърихӣ чунин ба назар мерасад, ки манзур аз Дақёнус императори Рум Детсий Гай Мессий Квинт Траян (тахминан 200–251; ҳукмронӣ 249–251) аст. Дар аҳди ҳукмронии император Филипп I Араб (244–249) асли таҳаммулгароӣ нисбат ба масеҳиён риоя мегардид, вале баробари ба сари қудрат омадани Детсий вазъият якбора ба куллӣ дигаргун шуд. Ӯ соли 250 фармоне содир карда, аз ҳамаи сокинони қаламрави империя талаб намуд, ки дар маросими қурбонӣ ба худоёни румӣ ширкат варзанд. Детсий бо ин роҳ мехост, ки аз сар задани ошӯб ва сӯиқасдҳои эҳтимолӣ ҷилавгирӣ карда, ҳамзамон иқтидори сиёсии худро устувор намояд. Ба шахсоне, ки дар ин маросим иштирок мекарданд, шаҳодатнома бо имзои ду нафар дода мешуд (дар Миср тақрибан 40 адад чунин шаҳодатнома дар папирус ёфт шудааст). Масеҳиён аз иштирок дар ин маросими динӣ худдорӣ мекарданд, аз ин рӯ, таъқиботи шадиди онҳо оғоз ёфт. Дар натиҷаи фишору таъқиботи оммавӣ, ки мамлакатро фаро гирифт, бисёр масеҳиён дучори зулму ситам ва ранҷу азоб гардиданд. Баъди ба қатл расидани Дақёнус дар муҳориба бо готҳо, ки ба Фракия ва Мақдуния ҳуҷум оварда буданд, таъқиботи масеҳиён низ хотима ёфт.

Таъбирҳо[вироиш]

Ҳамчунин таъбири «аҳди Дақёнус» ё «даври Дақёнус» киноя аз замони фишору таъқибот, даврони худраъйиву яккатозии худкомагон ва гузаштаи хеле дуру замонҳои қадим ва аҳди бостон аст. Мардум агар ҳар бор қадимиву куҳнагии ягон шайъ ё матлабу мавзӯеро исбот кардан бихоҳанд, бо танзу шӯхӣ ба аҳди мазкур ишора карда, мегӯянд, ки марбут ба аҳди Дақёнус аст.:

Ҳоли асҳоби Каҳфу Дақёнус,

Қиссаи Табхлусу шаҳри Фусус.

Саноӣ

Нагӯям зарри пешин нав наярзад,

Чу Дақёнус гуфтӣ, ҷав наярзад.

Низомӣ

Пас бихуспам, бошам аз асҳоби Каҳф,

Беҳ зи Дақёнус бошад хоби Каҳф.

Яқзашон масруфи Дақёнус буд,

Хобашон сармояи номус буд.

Ҷалолуддини Румӣ

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Лебедев А. П. Эпоха гонений на христиан. М., 1994;
  • Крист К. История времен римских императоров от Августа до Константина. Т. 2. Ростов на Дону, 1997;
  • علی اکبردهخدا. لغت نامه. جلد ۷. تهران، ٧٧٣١ ش.؛
  • عثمانی محمد شفیع. تفسیر معارف القرآن. جلد ٦. تهران، ٧٧٣١ ش.
  • ميبدى ابوالفضل. كشف الاسرار و عدة الابرار.معروف به تفسير خواجه عبد الله انصارى . جلد٢. تهران٢٧٣١ ش.

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик навишта шудааст.