Jump to content

Девонаи Балхӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Девонаи Балхӣ

Девонаи Балхӣ (форсӣ: دیوانۀ بلخی‎; 1521 — ?) — шоир, сӯфӣ ва хушнависи форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ аз шоирони суфимашраб будааст. Дар хушнависӣ низ моҳир буда, навъҳои хатро бо камоли ҳунармандӣ менавиштааст. Дар бораи Девонаи Балхӣ танҳо дар бахш («Биҳишти ҳаштум»)-и ба «Маҷолису-н-нафоис»-и Алишери Навоӣ иловакардаи Муҳаммади Қазвинӣ маълумоти мухтасар баён гардидааст, ки Девонаи Балхӣ ҳафт қалам (ҳафт намуди хатти арабӣ)-ро неку менавишту шеър низ хуб мегуфт ва ин байт аз ӯст:

Мехостам назора кунам нақши ӯ дар об,
Ногаҳ насим омаду нақше бар об зад.