Jump to content

Девонаи Гулханӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Девонаи Гулханӣ
Зодгоҳ Ҳирот
Таърихи даргузашт 1345 Бағдод
Пеша(ҳо) сароянда,навозанда

Девонаи Гулханӣ (?, Ҳирот — 1345, Бағдод) — мусиқидон, навозанда, хонанда, шоир ва хаттоти форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мусиқӣ ва шеъру хаттотиро дар зодгоҳаш омӯхт. Барои фарогирии ҳунар ба Бағдод рафта, назди Сафиуддин Абӯлмӯъмини Урмавӣ (1230—1292) сознавозӣ, хаттотӣ ва асосҳои назари ҳунарҳои бадеиро омӯхт. Муддати зиёд дар дарбори Ҳалокухон (1217—1265), Абоқахон (1234—1284) ба сифати мутриб, хаттот хидмат кардааст. Зимни ин барои маишати рӯзгор шабҳо дар гаробаҳо гулхан меафрӯхт ва аз ин рӯ тахаллуси «Гулханӣ»-ро интихоб карда, ғазалу қитъаҳои хуб мегуфт. Дар жанру шаклҳои шеърию мусиқӣ («савт», «амал», «навбат», «кор» ва ғайра), ба ашъори худ ва муосиронаш асарҳои марғуб офарида-аст. Махсусан, асарҳои «Пешрави Гулханӣ», «Амали Гулханӣ», «Амали Дебоча», ки дар таз-мини мақомҳои «Рост», «Наво», «Бузург» (бар усулҳои «Барафшон», «Сақил», «Шодиёна») дар ҳаёти мусиқӣ шуҳрат доштаанд. Девонаи Гулханӣ ки табъи баланд, дониши назарӣ дар мусиқии форсӣ дошт, асосҳои шеъри форсиро хуб медонист, Урмавӣ дар эҷоди рисолаҳои «Китобу-л-адвор», «Рисолату-ш-Шарафия», таснифоти овозии мусиқиаш аз қӯмакҳои эҷодиаш баҳравар шудааст.

  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 61 — 60. — ISBN 978-99947-49-13-3.