Jump to content

Девона Муҳаммади Чалабӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Девона Муҳаммади Чалабӣ
Иттилооти инфиродӣ
Таърихи таваллуд: 1448
Зодгоҳ:
Вироиши Викидода

Девона Муҳаммади Чалабӣ (зод. 1448, Афюнқараҳисор) — яке аз шайхони маъруфи мавлавия.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Девона фарзанди Болӣ Муҳаммади Чалабӣ Султон, мулаққаб ба Абопӯши Валӣ (фавт 1485) — шайхи мавлавихонаи Қараҳисор буд. Ин мавлавихона пас аз мавлавихонаи Қуния муҳимтарин ба шумор мерафт. Алоқамандону муридони Ҷалолуддини Балхӣ пас аз зиёрати оромгоҳи ӯ ба он ҷо низ мерафтанд. Баъзе нависандагон, шояд ба сабаби нописанд будани лақаби «Девона» ӯро Султон Девонӣ меномиданд. Устодони Девона Асадуддини мутакаллим ва Аҳмад Афандӣ будаанд.

Девона ба Ҷалолуддини Балхӣ ҳам зоҳиран ва ҳам ботинан хеле монанд будааст. Машраби Девона ба машраби ҳамзамонаш Улу Орифи Чалабӣ — яке аз бузургони мавлавия, ки ба қавле гироишҳои қаландарӣ ва ботинӣ аз замони ӯ ба миёни мавлавиён роҳ ёфтаанд, шабоҳати бисёр дошта, ҳатто тундравтару бебоктар ба шумор мерафт. Девона аз овони ҷавонӣ дар кӯҳу биёбонҳо гашта, фақат танураӣ (навъе либоси қаландарӣ) мепӯшид ва ҷомаи қаландарӣ бар дӯш меандохт. Гоҳ кулоҳи мавлавӣ, гоҳ кулоҳи сайфӣ (гунае аз кулоҳи мавлавиён, ки шабеҳи шамшер буд) ва гоҳ тоҷи ҳусайнӣ ё тоҷи дувоздаҳтарк, мансуб ба Шамси Табрезӣ, бар сар мениҳод. Эҳтимол, ба ҳамин ҷиҳат ӯро аз пайравони тариқати шамсия ангоштаанд. Девона баъзан ба шеваи қаландарон чорзарб мезад (мӯи сар, мӯйлаб, риш ва абрӯяшро метарошид) ва пайравонашро ҳам ба ин кор вомедошт. Ӯ пайваста ҷоми шароб дар даст дошт ва гӯё Девона оғозгари рӯй овардани мавлавиён ба афюн будааст. Девона ҳатто аз анҷом додани фаризаи ҳаҷ саркашӣ карда, ба муридонаш низ иҷоза намедодааст, ки ба ҳаҷ бираванд.

Ҷаҳонбинии Девона як намунаи ҷаҳонбинии маъмули суфиёна буда, ӯ дар масоили ҳастишиносӣ ва маърифатӣ усули асосии таълимоти ваҳдати вуҷудро пайравӣ кардааст. Девона нуктаҳои алоҳидаи дигар тариқатҳои тасаввуфӣ, бахусус ақоиди ҳуруфия, бектошия ва қаландарияро бо таълимоти амалии мавлавия омезиш додааст. Дар ашъори Девона таъсири ақоиди мазҳаби шиа мушоҳида мегардад ва ӯ дохилкунандаи баъзе оинҳои шиӣ ба амалияи мавлавия ба шумор меравад. Девона ба таълимот ва ашъори Ҷалолуддини Балхӣ сахт дилбаста буд, суханони ӯро асроромез, ҳатто аз Худо ваҳйшуда медонист ва «Маснавии маънавӣ»-ро дар радифи Қуръон мегузошт. Чунончи, гуфтааст: «Ба гӯши ҷон бишнав, фаҳм кун, дарёб, барои роҳи Ҳақ „Маснавӣ“ далелу бурҳон ва насс аст. Ваҳйи Ҳақ аст, мо онро каломи қолу қил намедонем». Девона ба ду сарвари дигари тариқати мавлавия — Ҳусомуддини Чалабӣ ва Султонвалад низ дилбастагии зиёд доштааст.

Девона бо мақсади тарғибу ривоҷи мавлавия ба Бағдод, Ҳалаб, Лозиқия, Машҳад, Сандуқлӣ, Алҷазоир, Миср ва Муғла сафар карда, дар ин минтақаҳо мавлавихонаҳои зиёде таъсис дод, пайравони зиёд пайдо карда, дар интишори тариқати мавлавия хидмати бузургеро ба анҷом расонид. Эҳтимол меравад, ки мавлавихонаи Форсро низ ӯ бунёд карда бошад. Девона халифа ва шогирдону пайравони зиёде низ доштааст, аз ҷумла Муъраф Уғлӣ, соҳиби асари манзуми «Ваҳдатнома» (ба форсӣ-тоҷикӣ) ва халифаи ӯ дар Мисру Ҳалаб. Девона иддае, аз ҷумла Фаноӣ, Фонӣ ва Иброҳим Дада Шоҳидӣ (фавт 1550)-ро барои тарғибу тарвиҷи мавлавия маъмур кард, ки ин боиси густариши васеи тариқати мавлавия гардид. Девона ҳамчунин муридоне тарбият кардааст, ки онҳоро Абдол ё Абдоли Мавлавӣ мегуфтанд. Шоири машҳури мавлавия Юсуфи Синачок яке аз онҳост. Девона ашъори зиёде ба форсию туркӣ суруда, як девони бузурге ҳам доштааст, вале то замони мо танҳо баъзе шеърҳо ва абёти парокандааш расидаанд. Ӯ дар бештари ашъораш «Самоӣ» ва гоҳе «Девона» тахаллус кардааст. Чанд шеъри Девона дар маҷмӯаи «Манзум рисола» (дар бораи яке аз русуми самоъи мавлавиён) дарҷ гардидааст.