Демократияи бевосита
Демократияи бевосита - яке аз шаклҳои ба амал баровардани ҳокимияти халқ буда, онро бо роҳҳо ва воситаҳои гуногун ба амал мебарорад. Яке аз он воситаҳо раъйпурсӣ оид ба масъалаҳои муҳими ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ мебошад. Халқ бо ин роҳ иродаи ҳокимиятдории худро изҳор намуда, ҳатмй мегардонад. Шакли дигари ҳокимиятдории халқ ин истифодаи бевоситаи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон дар интихоботи вакилони халқ дар ҳайати мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва Раиси ҷумҳур мебошад. Ба воситаи амалӣ гардониданӣ ҳуқуқи интихоботии худ, шаҳрвандон имконият доранд, ки барномаи ҳар як номзад ба вакили халқро муҳокима намуда, бо ин кор дар идоракунии давлат иштирок намоянд. Демократияи бевосита боз дар шакли муттаҳид гаштани шаҳрвандон дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ зоҳир мешавад. Аз ин рӯ, ривоҷи фаъолияти онҳо асоси васеъ шудани демократия аст.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 154