Jump to content

Деҳшаҳри Сари Ҷар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Деҳшаҳри Сари Ҷар — яке аз мавзеъҳои бостонии ноҳияи Ховалинг буда, ба давраҳои охири асри биринҷ ва аввалҳои асри оҳан (солҳои 1600-1700 пеш аз мелод) тааллуқ дорад.Ёдгории мазкур соли 2012 аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ кашф гардида, аз шаҳрак, деворҳои мудофиавӣ, қисмати хоҷагидорӣ ва қабристони шаҳрӣ иборат мебошад. Деҳшаҳри Сари Ҷар аз маркази ноҳияи Ховалинг дар масофаи 40 км дар қисмати ҷанубии ноҳия ҷойгир мебошад. Айни ҳол дар ин мавзеъ ковишҳои археологӣ ва тадқиқотҳои илмӣ идома доранд.[1]