Jump to content

Дидор Саъдуллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дидор Саъдуллоев
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд Саъдуллоев Дидор Неъматуллоевич
Зодгоҳ Душанбе
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Пеша аккос

Дидор Саъдуллоев (Саъдуллоев Дидор Неъматуллоевич; тав. 3 марти 1981[1], Зери Ҳисор, ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон) — аккоси тоҷик. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2017)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дидор Саъдуллоев баҳори соли 1981 дар деҳаи Зери Ҳисори ноҳияи Панҷакент, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар деҳа хатм намудааст. Баъдан факултаи физик ва риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе хатм кардааст. Солҳои 2014—2015 дар факултаи аккосии Донишгоҳи давлатии тарроҳӣ ва текнулужии Маскав таҳсил карда ва ихтисоси аккос/хабарнигорро дорад.

Фаъолияти корӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аккоси ҳафтаномаи «Тоҷикистон», хабаргузории «Ховар» дар Тоҷикистон ва бархе нашрияҳои маҳаллӣ дар Русия будааст. Бо бархе аз созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ба унвони аккос ҳамкорӣ мекунад. Аз соли 2014 то ҳоло дар Бошқирдистон ва шаҳрҳои Маскав, Алмаато ва Душанбе чанд намоиши аксҳояш баргузор шудааст. Ахиран дар Қазоқистон барандаи ҷоизаи озмуни минтақаии Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM) дар мавзӯъи муҳоҷират шуд.

Аз 29 декабри соли 2017 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аз 20 ноябри соли 2019 узви Иттифоқи суратгирони Тоҷикистон мебошад.

  1. Саҳифаи Дидор Садуллоев дар Фейсбук. Фейсбук. 3 октябри 2017 санҷида шуд.
  • Дидор Саъдуллоев. Академияи Чандрасонаии Тоҷик. tajikmultimedia.org. 3 октябри 2017 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)